Муҳаммад Алҳувсӣ: Ҷуз ба поёни ҷанг ва поёни муҳосира рози намешавем
-
Муҳаммад Алҳувсӣ: Ҷуз ба поёни ҷанг ва поёни муҳосира рози намешавем
Узви аршади шӯрои сиёсӣ ва раҳбари кумитаи олии инқилоби Яман дар вокуниш ба суханони раиси Ҷумҳурии Амрико гуфт: Санъо ҷуз поёни таҷовуз ва муҳосираи эътилофи саъудӣ аморотӣ зидди Яманро намепазирем.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Алхабар аляманӣ Муҳаммад Алӣ Алҳувсӣ, узви аршади шӯрои сиёсӣ ва раҳбари кумитаи олии инқилоби Яман дар ин бора дар саифаи твиттерии худ навишт: Дар мавриди ҳар чи мехоҳед тасмим бигиред умуроти мо ба даси худамон аст ва шумо инро медонед.
Дар ин росто Муҳаммад Абдусалом ҳайати музокиракунандаи давлати наҷоти миллии Яман низ дар саифаи твиттерии худ навиш: Бедуни субот дар Яман субот дар минтақа барқарор нахоҳад шуд ва ҳар гуна иқдоме, ки ба сатҳи сулҳи воқеъи нарасад беарзиш аст.
Абдусалом ҳамчунин таъкид кард: Сулҳ дар Яман танҳо бо тавақуфи фарогири таҷовузгари, хуруҷи нерӯҳои бегона, поёни муҳосира ва озодсозии асирон муҳақақ мешавад ва суҳл дар Яман рафъи фарогири паёимадҳои таҷовуз ҳам аз пардохти хисоратҳо ва ғайраро шомил шавад.
Эътилофи саъудӣ аз замони оғози ҷанг зидди Яман дар марти соли 2015 то кунун ин кишварро таҳти муҳосираи ҳамаҷониба қарор дода аст, камбуди шадиди сухт дар Яман мунҷар ба таътилии бахшҳои мухталиф аз ҷумла марказҳои дармонӣ ва вазъияти бади инсони дар ин кишвар шуда аст.