Июл 29, 2022 21:09 Asia/Dushanbe
  • Афсари аршади саҳюнистӣ: Омодагии вуруд ба ҳеҷ ҷангеро надорем

Раиси собиқи Созмони амнияти дохилии режими саҳюнистӣ гуфт, ин режим омодагии вуруд ба ҳеҷ ҷангеро дар оянда надорад.

“Сайфулқудс” ё “Шамшери Қудс” ҷанги густардаи гуруҳҳои муқовимати Фаластин бо режими саҳюнистӣ аст, ки 11 майи соли 2021 мелодӣ ба вуқуъ пайваст ва ба муддати 12 рӯз идома дошт. Гуруҳҳои муқовимат, мустақар дар борикаи Ғазза, ба вижа Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) ва Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин бо таҳмили хисоратҳои фаровон ба саҳюнистҳо дар ин ҷанг пирӯз шуданд.

Элон Луатон, афсари аршади Созмони иттилооти дохилии режими саҳюнистӣ (ШОБОК) ва раиси собиқи ин созмон дар вокуниш ба гузориши «Бозраси ҳукумат»-и ин режим дар бораи даргириҳои шаҳрии соли гузашта дар сарзамини ишғолӣ гуфт, Тел-Авив омодагии вуруд ба ҳеҷ ҷангеро дар оянда надорад.

Луатон изҳор дошт, ҳаводису даргириҳои моҳи майи 2021, ки бо ҷанги 12 рӯзаи Ғазза ҳамроҳ шуда буд, муҷиби ғофилгирии созмони ШОБОК шуд ва мизони инфиҷори шароит ба ҳадде буд, ки касе пешбинии онро намекард.

Ин афсари аршади режими саҳюнистӣ дар бораи имкони вуқуи даргириҳои шадиди мушобеҳи он чӣ дар моҳи майи 2021 рух дод низ навишт, бидуни тардид як даргирӣ ё ҷанги дигаре дар пеширӯ дорем ва авзои дохилӣ бо ҳаводисе ҳамроҳ хоҳад шуд, аммо аз мизони шиддати он иттилое надорам.

Луатон гуфт, эҳтимоли шуълавар шудани арсаи дохилӣ бисёр зиёд аст, аммо таъкид мекунам, ки шиддати он бесобиқа хоҳад буд, вале дар посух ба ин суол ки оё Исроил барои муқобила бо он омодагӣ дорад, мегӯям хайр (не).

Ин афсари аршади режими саҳюнистӣ афзуд, даргириҳои бесобиқа дар даҳҳо шаҳр миёни фаластиниҳову саҳюнистҳо дар манотиқи ишғолии 1948, ки бо ҷанги 12 рӯзаи Ғазза ҳамроҳ шуда буд, ҳамчунон муҷиби тарсу воҳимаи мақомоти саҳюнист шудааст.

Пештар Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири вақти режими саҳюнистӣ гуфта буд, дар сурати маҳор нашудани даргирӣ миёни фаластиниён ва низомиёни саҳюнист мавҷудияти ин режим ба хатар хоҳад афтод.

 

Барчасп