Август 02, 2022 14:12 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии ҳаштаги

Яманиҳо бо роҳандозии маъракае дар шабакаҳои иҷтимоӣ тасовири вайронӣ ва куштори занону кӯдаконро мунташир карданд ва бо маҳкумияти нақши мухарриби Амрико дар вайронии Яман, аз ҷомеаи байналмилал хостанд, ки барои поён ёфтани он мудохила кунад.

Аз рӯзи нахусти ҷанги Яман (марти 2015) нақши Амрико ба унвони ҳомии аслӣ ва ба иборате узви аслии эътилофи мутаҷовизон бисёр пурранг будааст. Ба тавре, ки масъулони яманӣ борҳо бар амрикоӣ будани ин ҷанг таъкид карданд ва ин кишварро масъули ҷиноятҳои Арабистону Иморот дар Яман медонанд

Режими саудӣ ва муттаҳидонаш то кунун ба далели муқовимати мардуми Яман натавонистаанд ба аҳдофи худ дар ин кишвар (ба қудрат расонидани дастнишондагони худ) барисанд.

То корбарони яманӣ ва ғайрияманӣ бо роҳандозии ҳаштаги #амрико_таҳосир_аляманийин (Амрико Яманро муҳосира кардааст) дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба забони арабӣ ва англисӣ нақши мухарриби Амрико дар ҷанги Яманро маҳкум ва бар поёни муҳосираи Яман таъкид карданд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп