Август 04, 2022 11:58 Asia/Dushanbe
  • Дар ин даргири чандин фаластинӣ захмӣ шуданд
    Дар ин даргири чандин фаластинӣ захмӣ шуданд

Низомиёни режими ишғолгари саҳюнистӣ чаҳоршанбе шаб бо юриш ба чанд минтақа дар Каронаи Бохтарӣ , чандин фаластиниро захмӣ ва боздошт карданд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории фаластинии  Шаҳоб, низомиёни саҳюнистӣ бо 30 дастгоҳ худрави зареҳи ба минтақаи  Ал-Шарқия дар Каронаи Бохтарии руди  Урдун юриш бурдаанд.

Ин хабаргузори ҳамчунин аз боздошти ду ҷавони фаластинӣ ба дасти низомиёни саҳюнистӣ ва вуқуъи даргири дар вурӯдии урдугоҳи Ал- Даҳиша дар ҷануби Байтулаҳм дар Каронаи Бохтарӣ хабар дод.

 Дар ин даргири чандин фаластинӣ захмӣ шуданд.

 Ториқ Ғазолиддин сухангуи Ҷаҳоди исломии Фаластин чанде пеш бо маҳкум кардани ҷиноёти режими ишғолгари саҳюнистӣ тасреҳ кард, саҳюнстиҳо дер ё зуд тавони иқдомоти худро пардохт хоҳанд кард.

Ҳуқуқи мардуми мазлӯми Фаластин беш аз ҳафтод сол аст, ки зери чакмаҳои режими ишғолгари саҳюнистӣ леҳ мешавад. Ин режим дар муддати мазкур ваҳшиёнатарин ҷиноятҳоро алайҳи фаластиниҳо муртакиб шудааст.

 

Барчасп