Август 23, 2022 16:54 Asia/Dushanbe
  • Мақоми фаластинӣ: Содироти силоҳ ба режими Исроил таҳкими нажодпарасти аст
    Мақоми фаластинӣ: Содироти силоҳ ба режими Исроил таҳкими нажодпарасти аст

Муъовини вазири хориҷаи Фаластин, содироти силоҳ ба режими Исроилро таҳкими нажодпарасти донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Само, Умар Авазуллоҳ, муъовини вазири хориҷаи Фаластин дар умури Созмони Миллал ва Созмонҳои вобаста дар гуфтугӯҳои умумӣ ҳаштумин конфронси кишварҳои узви муъоҳидаи тиҷорати таслиҳот дар Женева гуфт: Содироти таслиҳот ба режими саҳюнистӣ муғоир бо мафоди ин муъоҳида аст  ба вижа ин ки Исроил як қудрати ишғолгар буда аст.

Авазуллоҳ бо баёни ин ки режими саҳюнистӣ аз ин силоҳҳо барои иртикоби ҷинояти ҷангӣ ва ҷиноят зидди башарият истифода мекунад афзуд: Мустанадоти ин иддаъоҳо назди бисёри аз маҷомеъи байналмиллалӣ, ҳайатҳои эъзоми аз Созмони Миллал ва ташакулҳои ғайри давлатии саросари ҷаҳон мавҷуд аст.

Муъовини вазири хориҷаи Фаластин таъкид кард судури таслиҳот ба Исроил ба таҳкими равияи истеъморӣ ва нажодпарастии Исроил зидди мардуми Фаластин дар тули даҳҳаҳо кумак кард ва ин масирро барои ин режим осон карда аст.

Авазуллоҳ аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хост ба унвони як таклифи ахлоқи ва қонуни баробари мавозини ҳуқуқи ва байналмиллалӣ ва муъоҳидаи тиҷорати силоҳ, воридот ва содироти силоҳ ба Исроилро мамнуъ кунанд.

 

Барчасп