Август 25, 2022 13:38 Asia/Dushanbe
  • Нерӯҳои ишғолгари Исроил саҳаргоҳи панҷшанбе пас аз юриш ба  урдугоҳи Ҷинин се ҷавони фаластиниро дастгир карданд
    Нерӯҳои ишғолгари Исроил саҳаргоҳи панҷшанбе пас аз юриш ба урдугоҳи Ҷинин се ҷавони фаластиниро дастгир карданд

Манобеъи маҳалӣ аз дастгирии 13 ҷавони фаластинӣ дар ҷараёни юриши нерӯҳои режими саҳюнистӣ ба манотиқе аз Каронаи Бохтарӣ ва Қудси ишғолӣ хабар доданд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи  Ал- Араби-ал-Ҷадид, манобеъи маҳлӣ хабар доданд: Дар ҳоле, ки нерӯҳои режими ишғолгарӣ Қудс амалиёти дастгириро дар чандин минтақа дар Каронаи Бохтарӣ оғоз карданд даргириҳои мусалаҳона миёни нерӯҳои муқовимати фаластинӣ ва низомиёни саҳюнистӣ дар урдугоҳи Ҷинин дар шимолӣ Каронаи Бохтарӣ рӯх дод.

Ба гуфтаи манобеъ, ин даргириҳо пас аз он оғоз шуд, ки ишғолгарони саҳюнист ба урдугоҳи Ҷинин ва чандин хона юриш бурданд ва дар пайи он даҳҳо фаластинӣ бар асари истиншоқи гази ашковар дучори ҳолати хафагӣ шуданд.

Мудири бошгоҳи усарои фаластинӣ дар Ҷинин ба Ал- Араби-ал-Ҷадид гуфт, нерӯҳои ишғолгари Исроил саҳаргоҳи панҷшанбе пас аз юриш ба  урдугоҳи Ҷинин 13 ҷавони фаластиниро аз ҷумла  Аммод Умар Абу-Алҳайҷо асири тоза озод шуда  Исом- Абу-Алхалифа ва Суҳайб Исоро дастгир карданд.

Дар пайи шилики гази ашковар ба самти фаластиниҳо ва хонаҳои онҳо  воқеъ дар шимоли Алхалил дар ҷанубӣ Каронаи Бохтарӣ чандин фаластинӣ дучори ҳолати хафагӣ шуданд.

 

 

Барчасп