Муқтадо Садр: Аз мардуми Ироқ узрхоҳӣ мекунам
Раҳбари ҷараёни Садр зимни узрхоҳӣ аз миллати Ироқ бобати таҳаввулоти хунбор, аз тарафдорони худ хост зарфи яксоат аз минтақаи Сабзи Бағдод ақиб бинишинанд.
Рӯзи гузашта (душанбе) ва пас аз эъломи канорагирии Муқтадо Садр, раҳбари ҷараёни “Садр”-и Ироқ аз сиёсат, ҳомиёни ин ҷараён дар минтақаи Сабз дар дастаҳои пароканда дар хиёбонҳои мухталиф ба роҳи афтоданд ва вориди сохтумонҳои давлатӣ ва ҳокимиятии Ироқ шуданд.
Пас аз тадовуми ошӯбгарии ҳомии ҷараёни “Садр” дар Бағдод ва вуруди гуруҳи Низомӣ « сроёи ассалом » вобаста ба ин ҷараён ба даргириҳо, ҳамалоти ракетӣ ва тирандозиҳо дар наздикии минтақаи Сабз оғоз шуд.
Ба гузориши Бағдод Ал Явм, Муқтадо Садр гуфт, дар муқобили мардум сарафканда ҳастам ва аз онҳо узрхоҳӣ мекунам, инқилобе, ки хушунат ва қатл дар он бошад, бад инқилобе аст.
Садр афзуд, аз ин пас намегӯям, ончӣ рух дод инқилоб аст, зеро инқилоб нест ва қотил ва мақтӯл дар оташ ҳастанд ва рехтани хуни ироқӣ ҳаром аст.
Пас аз нишасти хабарии Муқтадо Садр ва таъкиди вай мабнӣ бар хурӯҷи тарафдорони худ аз минтақаи Сабзи Бағдод, тарафдорони Садр ақибнишиниро аз муқобили порлумони Ироқ оғоз карданд.