Сентябр 03, 2022 16:58 Asia/Dushanbe
  • Вайронсозии 8700 хонаву оворагии 13 ҳазор фаластинӣ

Режими саҳюнистӣ аз соли 2009 то кунун беш аз 8 ҳазор хонаи мутаъаллиқ ба фаластиниёнро вайрон карда, ки муҷиби оворагӣ ва бесарпаноҳ шудани ҳазорон нафар шудааст .

Бо вуҷуди қатъномаи 2334 Шӯрои Амнияти Созмони Миллал барои таваққуфи шаҳраксозиҳои режими саҳюнистӣ ин режим бо вайронсозии манозили фаластиниён ва густариши шаҳраксозӣ дар паи тағйири сохтори ҷуғрофиёии манотиқи фаластинӣ ва чеҳрае саҳюнистӣ додан ба ин манотиқ аст, то султаҷӯиҳояшро дар манотиқи фаластинӣ тасбит кунад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дафтари ҳамоҳангкунандаи умӯри инсонии СММ дар Фаластини ишғолӣ дар гузориш эълом кард, ки режими саҳюнистӣ дар маҷмӯъ 8746 хонаву сохтмони мутаъаллиқ ба фаластиниёнро аз соли 2009 то авохири августи гузашта вайрон кардааст .
Ин гузориш меафзояд бо тахриби ин хонаҳо ҳудӯди 13 ҳазор фаластинӣ овора ва бесарпаноҳ шуданд ва қариб ба 152 ҳазор нафар ба сабаби ин тахрибҳо осеб дидаанд .
Дар бахши дигаре аз ин гузориш омадааст  ин тахрибҳо муҷиби ворид омадани хисорат ба ҳудуди 1559 хонаи дигар низ шудааст . Биноҳои тахрибшуда ағлаб маскунӣ ё хадамотӣ ва ё мутаъаллиқ ба зерсохтҳои фаластиниён будаанд.
Бар асоси ин гузориш маъмулан бештари тахрибҳо ба баҳонаи надоштани муҷаввизи сохт сурат гирифтааст . Ин дар ҳоле аст, ки дарёфти муҷаввизи сохт барои фаластиниён амри тақрибан ғайримумкин аст ва режими саҳюнистӣ ҳатто барои сохту соз дар заминҳои фаластиниён низ ба онон муҷаввиз намедиҳад.
 

 

Барчасп