Сентябр 10, 2022 12:57 Asia/Dushanbe
  • Ҳамалоти ҳавоии Эътилофи Саудӣ ба ғарби Яман

Манобеи хабарии ҷумъашаб гузориш доданд, ҳавопаймоҳои шиносоии мусаллаҳи Эътилофи саудӣ, манотиқе дар ғарби Яманро ҳадаф қарор доданд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман токунӯн ба кушта шудани беш аз 16 ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

Ба гузориши ИРНА, ҳавопаймоҳои шиносоии мусаллаҳи Эътилофи саудӣ дар чаҳор навбат ғарби устони Таъизро ҳадаф қарор доданд.

Аз сӯи дигари неруҳои марзии Арабистони Саудӣ ба самти як зан дар дар устони Саъда, тирандозӣ карда ва ӯро захмӣ карданд.

Ин ҳамалот дар ҳоле сӯрат мегирад, ки чанд моҳе аст бо миёнҷигарии Созмони Милали Муттаҳид миёни тарафҳои даргир дар Яман оташбас барқарор аст, аммо Эътилофи саудӣ ҳамарӯза ин оташбасро нақз мекунад.

Пештар Меҳдӣ Ал Машот, раиси Шӯрои олии сиёсии Яман гуфта буд, ки оташбаси Яман бо нақзи мукаррари он тавассути Эътилофи саудӣ тақрибан аз байн рафтааст.

Бештар бихонед:

Тадовуми нақзи оташбаси Яман тавассути Эътилофи саудӣ

 

Барчасп