Мақоми яманӣ: Иқдомоти Эътилофи саудӣ зидди Яман дар ҳадди ҷинояти ҷангӣ аст
(last modified 2022-09-19T04:58:47+00:00 )
Сентябр 19, 2022 09:58 Asia/Dushanbe
  • Идомаи таҷовузоти ҷангӣ дар Яман
    Идомаи таҷовузоти ҷангӣ дар Яман

Сухангӯи Вазорати ҳуқуқи башар Яман гуфт, ҷиноятҳои Эътилофи мутаҷовизи саудӣ – амрикоӣ зидди шаҳрвандони яманӣ дар ҳадди ҷинояти ҷангӣ аст.

Талъат Ашшарҷи, сухангӯии Вазорати ҳуқуқи башари Яман бо таъкид бар ҷиноятҳои ҷангии Эътилофи мутаҷовизи саудӣ – амрикоӣ зидди шаҳрвандони яманӣ дар бораи идомаву ташдиди таҷовузи ин эътилоф ҳушдор дод.

Ашшарҷи афзуд, идомаи таҷовузот дар Яман иртикоби анвои ҷиноят аз қатли амди ғайринизомиён то тахриби зерсохтҳо, истифода аз силоҳҳои мамнуа, таҳмили муҳосираву монеътарошӣ дар баробари вуруди колоҳои асосӣ ва кумакҳои инсонӣ, иқдомоте дар ҳадди ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноят зидди башарият аст.

Вай аз сукути ҷомеаи башарӣ барои ба посухгӯӣ маҷбур накардани ҷинояткорону мутаҷовизон интиқод кард.

 

Барчасп