Октябр 03, 2022 14:18 Asia/Dushanbe
  • истифода аз 34 бомбаи дастисоз алайҳи саҳюнистҳо
    истифода аз 34 бомбаи дастисоз алайҳи саҳюнистҳо

Расонаҳои саҳюнистӣ гузориш доданд, ки дар моҳи гузаштаи мелодӣ (сентябр) 75 маврид тирандозӣ тавассути муборизони фаластинӣ ба самти саҳюнистҳо сабт шудааст.

Шабакаи 7 телевизиони режими саҳюнистӣ дар гузорише эълом кард, ки дар моҳи сентябр 75 маврид тирандозӣ тавассути муборизони фаластинӣ ба самти саҳюнистҳо гузориш шудааст.

Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст, ки фаластиниён 34 бомбаи дастисозро ҳам дар моҳи сентябр барои ҳадаф қарор додани саҳюнистҳо мунфаҷир кардаанд.

Шабакаи мазкур ин амалиётҳоро як интифозаи ҷадиди фаластинӣ хонд.

Дар ҳамин ҳол, гурдонҳои «Сароё Алқудс», шохаи низомии Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин рӯзи якшанбе эълом кард, гуруҳе аз неруҳои ин гурдон бо анҷоми амалиёте низомиёни саҳюнистии мустақар дар ҷануби Ҷанинро ҳадаф қарор додаанд.

 

Барчасп