Октябр 04, 2022 14:24 Asia/Dushanbe
  •  Абу-Шариф афзӯд: Авҷи беҳукумати ин аст, ки бархе мусалмононро бо ҷинояткорон яксон медонанд
    Абу-Шариф афзӯд: Авҷи беҳукумати ин аст, ки бархе мусалмононро бо ҷинояткорон яксон медонанд

Намояндаи ҷунбиши ҷаҳоди исломии Фаластин дар Эрон гуфт: Ҷумҳӯрии Исломии Эрон улгӯи воқеъии уммати исломӣ аст.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Ирно,Носири Абу-Шариф намояндаи ҷунбиши ҷаҳоди исломи  Фаластин дар Эрон дар ҳамоиши  " Машқи исору  муқовимат" дар Теҳрон бо баёни инки валии амри фақеҳ дар Эрон ҳамаи шоистагиҳои лозимро дорад, афзӯд: Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ҳамаи муалифаҳои ҳидояти башариро дорад ва метавонад  тамоми ҳавзаҳои башариятро ҳидояд кунад.

Абу-Шариф бо таъкид бар инки бузургтарин масъалаи замони ҳозир масъала Фаластин аст, гуфт: Беҳтарин роҳи муқобила бо режими саҳюнистӣ афроде ҳастанд, ки метавонанд онҳоро нобуд кунанд ва дар ин роҳ беҳтарин улгу сардори шаҳид Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи пешини нерӯӣ Қудси сипоҳи посдорони инқилоби Исломӣ буд.

Намояндаи ҷунбиши ҷаҳоди исломии Фаластин дар Теҳрон тасреҳ кард: Авҷи беҳукумати ин аст, ки бархе мусалмононро бо ҷинояткорон яксон медонанд дар ҳоле, ки ҷиноёти режимҳои ғарбӣ ҳазорон сол  ҳамчунон идома дорад: Инглис Ҳиндро ғорат кард ва байни мазоҳиб ва мардум ихтилоф андохт.

Намояндаи ҷунбиши ҷаҳоди исломии Фалатсин дар Эрон афзӯд: Мардуми Фалатсин сад сол ба далели ҷинояти Инглис ҳамчунон аз режими ишғолгари саҳюнистӣ ҳимоят мекунад.

 

Барчасп