Ваъдаи Муҳаммад бин Салмон барои кумаки 400 миллиондолларӣ ба Украина
Арабистони Саудӣ аз кумаки 400 миллиондолларии башардӯстона ба Украина хабар дод.
Беш аз ҳашт моҳ аз ҷанги Украина мегузарад ва бархе кишварҳо бо ҳимоятҳои сиёсӣ ва таслеҳотӣ аз Украина саъй дар тӯлонитар шудани ҷангу идомаи хунрезиҳо доранд.
Ба гузориши Райтерз, хабаргузории давлатии Арабистони Саудӣ эълом кард, Арабистони Саудӣ 400 миллион доллар кумаки башардӯстона ба Украина ироа хоҳад кард.
Бар асоси ин гузориш, Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ рӯзи ҷумъа бо Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина тамоси телефонӣ дошт ва дар ҷараёни ин тамоси телефонӣ кумаки нақдии худ ба Украинаро эълом кард.
Ҳамзамон раисиҷумҳури Украина низ аз тамоси телефонии худ бо Муҳаммад бин Салмон хабар дод ва гуфт, ки бо валиаҳди Саудӣ барои ҳамкорӣ дар заминаи озодии асирон ва низ ироаи кумакҳои молӣ ба тавофуқ расидааст.
Арабистони Саудӣ пеш аз ин низ байни Русия ва Украина барои табодули асирони миёнҷигарӣ карда буд.
Токунӯн кишварҳои зиёде омодагии худро барои миёнҷигарӣ миёни Украина ва Русия барои поён додан ба ҷанг эълом карданд, талошҳое, ки токунӯн роҳ ба ҷое набурдааст.