Вокуниши фаъолони ҳуқуқи башарӣ ба судури ҳукми эъдом барои 15 нафар дар Арабистон
(last modified 2016-12-07T14:19:18+00:00 )
Декабр 07, 2016 19:19 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши фаъолони ҳуқуқи башарӣ ба судури ҳукми эъдом барои 15 нафар дар Арабистон

Муассисаи ҳуқуқи башари Арабистон-Аврупо дар баёнияе судури ҳукми эъдом барои 15 нафарро дар Арабистон ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Ҷумҳурии Исломии Эрон, маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Алӣ ад-Дабисӣ – раиси Муассисаи ҳуқуқи башари Арабистон-Аврупо дар сафҳаи твиттери худ бо интиқод аз ҳукми эъдом барои 15 нафар дар Арабистон навишт, судури ҳукмҳои қазоӣ бидуни фароҳам кардани шароити баргузории додгоҳи одилона ва ниҳоди қазоии мустақил, пазируфтанӣ нест.

Ад-Дабисӣ бо ишора ба эътирофгирӣ аз муттаҳамон дар Арабистон ба зӯр ва шиканҷа афзуд: Дар сурате, ки режими Оли Сауд ба таваққуфи шиканҷаи муттаҳамон, баргузории алании додгоҳҳо ва риояти ҳуқуқи муттаҳамон дар баргузории додгоҳе одил ва мустақил иқдом кунад, метавон дар бораи ҳукмҳои содиршуда дар ин кишвар суҳбат кард.

Шуморе аз фаъолон шиъаи арабистонӣ дар соли 2013 ба далели мухолифат бо сиёсатҳои режими Оли Сауд ё интиқод аз ҳокимият, боздошт шуданд ва додгоҳи ин режим ононро ба ҷосусӣ барои Эрон муттаҳам кард.

Як додгоҳи кайфарии вижа дар Риёзи Арабистон, рӯзи сешанбе пас аз гузашти 10 моҳ аз оғози муҳокимаи муттаҳамон, барои 15 нафар аз онҳо ба иттиҳоми ончи ҷосусӣ барои Эрон хонда шуда, ҳукми аввалияи эъдомро содир кард.

 

Барчасп