Таъкиди султони Уммон бар ҳимоят аз Сурия
Султони Аммони бори дигар зимни баёни мавозиъи собити худ дар қиболи Сурия бар ҳимоят аз Димишқ таъкид кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, султон Ҳайсам ҳамчунин бар аҳамияти эҳтиром ба ҳокимияти Сурия ва ваҳдати арозии он таъкид кард .
Вай ин суханонро ҳангоми дарёфти устуворномаи Идрис Аҳмад Миё-сафири ҷадиди Сурия дар Масқат баён кард.
Сафири Сурия низ аз мавозиъи усӯлии давлати Уммон аз оғози ҷанги террористии таҳмилӣ бар Сурия қадрдонӣ кард .
Охирин гуфтугуи мақомоти уммонӣ ва сурӣ ба моҳи август боз мегардад, ки дар он Файсал Алмиқдод-вазири умӯри хориҷаи Сурия дар тамос бо Бадр бен Ҳамд Албусаъидӣ-ҳамтои уммонии худ таҳаввулоти кишварҳои арабиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд .
Ҳамчунин вазири умӯри хориҷаи Уммон 7 сентябр ва дар ҷараёни нишасти вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Араб дар Қоҳира хоҳони бозгашти Сурия ба ин иттиҳодия шуда буд.