Таъкиди султони Уммон бар ҳимоят аз Сурия
(last modified Wed, 19 Oct 2022 06:00:26 GMT )
Октябр 19, 2022 11:00 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди султони Уммон бар ҳимоят аз Сурия

Султони Аммони бори дигар зимни баёни мавозиъи собити худ дар қиболи Сурия бар ҳимоят аз Димишқ таъкид кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, султон Ҳайсам ҳамчунин бар аҳамияти эҳтиром ба ҳокимияти Сурия ва ваҳдати арозии он таъкид кард .
Вай ин суханонро ҳангоми дарёфти устуворномаи Идрис Аҳмад Миё-сафири ҷадиди Сурия дар Масқат баён кард.
Сафири Сурия низ аз мавозиъи усӯлии давлати Уммон аз оғози ҷанги террористии таҳмилӣ бар Сурия қадрдонӣ кард .
Охирин гуфтугуи мақомоти уммонӣ ва сурӣ ба моҳи август боз мегардад, ки дар он Файсал Алмиқдод-вазири умӯри хориҷаи Сурия дар тамос бо Бадр бен Ҳамд Албусаъидӣамтои уммонии худ таҳаввулоти кишварҳои арабиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд .
Ҳамчунин вазири умӯри хориҷаи Уммон 7 сентябр ва дар ҷараёни нишасти вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Араб дар Қоҳира хоҳони бозгашти Сурия ба ин иттиҳодия шуда буд.