Эъдом пушти эъдом дар Арабистон. Бин Салмон рекорддор мешавад
(last modified 2022-11-07T13:29:59+00:00 )
Ноябр 07, 2022 18:29 Asia/Dushanbe
  • Вазъияти хатарноки инсонӣ ва ҳуқуқи башарӣ дар Арабистон
    Вазъияти хатарноки инсонӣ ва ҳуқуқи башарӣ дар Арабистон

Созмони аврупоӣ - саудии ҳуқуқи башар фош кард, ки мақомоти Риёз ҳукми эъдоми 15 зиндонии ақидатиро содир кардаанд ва бо судури ин аҳком теъдоди афроди дар маърази хатари марг дар ин кишвар ба 53 нафар расидааст, ки дастикам 8 нафари онҳо кӯдаку навҷавон ҳастанд.

Бар асоси сайти «Саудиликс», ин созмон ҳамчунин нисбат ба куштори дастаҷамъии даҳҳо зиндонӣ, аз ҷумла 8 навҷавон тавассути мақомоти Арабистон ҳушдор дод ва эълом кард, ки шумори зиндониёни саудии дар маърази марг ҳатто бештар аз асомӣ ва арқоми эъломшуда аст ва иттилооте дар бораи бештари зиндониён дар даст нест.

Пештар низ Кумитаи Дифоъ аз Ҳуқуқи Башар дар нимҷазираи арабӣ Арабистонро "кишвари руъбу эъдом" тавсиф карда ва дар бораи мавҷи қатли оми ҷадид дар ин кишвар, ба вижа алайҳи зиндониёни сиёсӣ ва фаъолони маданӣву ҳуқуқи башарӣ ҳушдор дода буд.

Кумитаи Дифоъ аз Ҳуқуқи Башар дар нимҷазираи арабӣ пас аз афзоиши судури аҳкоми эъдом тавассути додгоҳи ҷиноии Риёз алайҳи шаҳрвандони арабистонӣ аз зиндониёни сиёсӣ гирифта то фаъолону тазоҳуркунандагон, дар баёнияе ба баррасии вазъияти хатарноки инсонӣ ва ҳуқуқи башарӣ дар Арабистон пардохт.

Ин кумита афзуд, ки додгоҳ барои гуруҳе аз шаҳрвандон ба далели талош барои истифода аз ҳаққи худ ҷиҳати ибрози ақоиду баёни назарот аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ё аз тариқи ширкат дар роҳпаймоиҳои мусолиматомез барои озодӣ, адолат ва баробарии иҷтимоӣ аҳкоми эъдом содир кардааст.

Ин кумита ҳамчунин эълом кард, ки Юсуф Ал-Маносиф, Абдулмаҷид Ан-Намер, Ҷавод Қурайрис, Фозил Ас-Суфёнӣ, Алӣ Ал-Мубайиқ, Муҳаммад Ал-Лабод, Муҳаммад Ал-Фараҷ, Ҳамд оли Идғом, Ҳасан Закӣ оли Фараҷ ва Алӣ Ас-Сабитӣ, ки ҳамагӣ кӯдаку зери синни қонунӣ ҳастанд, шомили аҳкоми гуруҳии эъдом шудаанд.

Дар сафҳаҳои фаъолони расонаӣ ҳаштаги «Авқафу алмузаббаҳа», ба маънии «кушторро мутаваққиф кунед» тренд шудааст. Ин ҳаштаг дар вокуниш ба эъдоми қарибулвуқуи ин навҷавонон тавассути режими Оли Сауд ба роҳ афтодааст.

Ҳеҷ далели маҳкамаписанде барои боздошту муҷозоти ин афрод матраҳ намешавад. Барои мисол, аз ҷумлаи иттиҳомоти воҳӣ, ки ба Юсуф Ал-Маносиф ворид шуда, иборат аст аз: "ширкат дар ташйиъи ҷанозаи бархе аз афроде, ки бо гулулаи неруҳои амниятӣ кушта шудаанд, ҳузур дар тазоҳурот, сар додан шиорҳои зиддиҳукуматӣ, талош барои фитнаафрӯзӣ ва барҳам задани амният, ташвиқ ба таҳассун, эътирозу иҷтимооте, ки ба суботи саудӣ хадша ворид мекунад, пайвастан ба бонди террористӣ ва тирандозӣ ба самти неруҳои амниятӣ».

Касоне ки дар Арабистон ба эъдом маҳкум мешаванд, аз муддатҳо пеш аз иҷрои ҳукм таҳти анвои шиканҷаҳои ҷисмиву рӯҳӣ қарор мегиранд. Бар асоси расади Созмони ҳуқуқи башари Арабистон, мустақар дар Аврупо, шаҳрвандони Арабистон аз лаҳзаи дастгирӣ таҳти анвои шиканҷа қарор мегиранд ва ин шиканҷаҳо бо судури аҳком мутаваққиф намешавад, балки бадрафториҳо пас аз иҷрои аҳком идома меёбаду шомили ҳоли хонаводаҳои маҳкумон низ мешавад.

Аз ҷумлаи шиканҷаҳои физикӣ метавон ба додани электрикӣ, маҳрумият аз хоб, зарбу шатм, кашидан нохун, овезон кардан аз по ва мавориди дигар ишора кард, ки бо ҳадафи маҷбур кардани фарди боздоштшуда ба эътироф ё имзои эътирофнома дар марҳилаи бозҷӯӣ анҷом мешавад. Дар байни касоне ки бо ин навъ шиканҷаҳо мувоҷеҳ шуда, навҷавон Мустафо Ал-Дарвеш аст, ки дар июни 2021 эъдом шуд ва дар он ҳангом бо таҳдид ба муҳокимаи муҷаддад маҷбур шуд то эътирофоти худро имзо кунад.

Дар бисёре аз маворид шиканҷа мунҷар ба маълулият ё масдумияту дарди доимӣ ва ҳамчунин аз даст додани ҳушёрӣ мешавад ва дар бисёре аз маворид зиндонӣ аз ҳаққи дармон маҳрум аст.

Мунир оли Одам, ҷавоне ки дар апрели 2019 эъдом шуд, ба далели шиканҷа шунавоии худро аз даст дод ва Абдуллоҳ оли Тариф, ҷавони дигаре ки дар ҳамон эъдоми дастаҷамъӣ эъдом шуд, таҳти шиканҷа қарор гирифт, ки ин шиканҷаҳо муҷиби осеб дидани муҳраҳои сутунмуҳра ва инҳирофи чашми чапаш шуду соири аъзои баданаш низ осеб дид.

Шиканҷаи зиндониён танҳо ба абъоди ҷисмонӣ маҳдуд намешавад ва ба сурати шиканҷаи рӯҳӣ низ сурат мегирад. Ҳайдар оли Лиф Муътаризӣ, ки дар 23 апрели 2019 эъдом шуд, таҳдид шуда буд, ки дар сурати имзо накардани эътирофот, ҳамсараш ба зиндон эҳзор хоҳад шуд то аз ӯ талоқ бигирад.

Маҷмӯъае аз авомил боиси идомаву густараи эъдомҳо дар Арабистон шудааст.

Нахуст ин ки Арабистон худро ба ҳеҷ як аз асноди байналмилалии марбут ба ҳуқуқи башар мутааҳҳид намедонад, чун ҳеҷ кадом аз ин аснодро напазируфтааст. Аз ҷумлаи ин аснод метавон ба Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башари 1948, Паймони ҷаҳонии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсии 1966 ва Паймони ҷаҳонии ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии 1966 ишора кард.

Дувум ин ки ҳуқуқи башар мафҳуми манфӣ дар низоми сиёсиву қазоии Арабистон аст. Сухан аз ҳуқуқи башар ба маънои нақди вазъияти кунунӣ дар ин кишвар ва напазируфтани меъёрҳову арзишҳои як ҷомеаи суннатӣ аст. Аз ин дид як ҳавохоҳи ҳуқуқи башар на танҳо нисбат ба подшоҳ байъатшиканӣ карда, балки аз суннату шариат ҳам рӯй гардондааст.

Сеюм ин ки Арабистон дар асли фоқиди қонуни асосӣ ба мафҳуми имрӯзӣ асту далели ин амр он аст, ки қонуни асосии нозир ба таъйини ниҳодҳои ҳукуматӣ ва вазоифу ихтиёроти онҳо ва равобити мутақобили ниҳодҳо ва ҳамчунин ҳуқуқи асосии миллат аст, ки ин кишвар фоқиди он аст.

Дар буъди қазоӣ низ дар садри низоми қазоии Арабистон Шӯрои олии қазоӣ вуҷуд дорад. Аъзои ин шӯро бар асоси моддаи 5 қонуни низоми қазоии Арабистон 11 нафар ҳастанд, ки ҳамагӣ тавассути подшоҳ мансуб мешаванд.

Чаҳорум ин ки Арабистон ба андозаи зиёд аз долларҳои нафтӣ барои бастани даҳони созмонҳо ва ҳамчунин кишварҳои ҷаҳону татмеъи онҳо истифода мекунад. Аз ин рӯст, ки Созмони Афви Байналмилал дар гузорише дар октябри 2013 тасреҳ кард, ки мақомоти саудӣ бо такя бар пул монеъ мешаванд то ҷомеаи байналмилалӣ вазъияти ҳуқуқи башарро дар ин кишвар мавриди интиқод қарор диҳад.

 

Барчасп