Ноябр 13, 2022 17:03 Asia/Dushanbe
  • Додани ҳақи рай ба низомиён ва тақсими ҳавзаҳои интихоботи ба сурати тоифи аз тарфандҳои ҳайати ҳокимаи Манома барои  баргузории интихоботи имрӯз аст
    Додани ҳақи рай ба низомиён ва тақсими ҳавзаҳои интихоботи ба сурати тоифи аз тарфандҳои ҳайати ҳокимаи Манома барои баргузории интихоботи имрӯз аст

Имрӯз дар Баҳрайн шибҳи интихоботӣ барои гузиниши узви Маҷлиси намояндагон (Маҷлиси -Ал-Навоб) ва 30 курсии Шӯрои шаҳр баргузор мешавад.

Мусаваботи ин маҷлис илзомовар нест ва замоне эътибор мекунад,ки ба таъиди маҷлиси машварати ё истилоҳ Сано бирасад, ки ҳамаи аъзои 40 нафараи он тавассути  Подшоҳ таъин мешаванд. Ҳамаи номзадҳои интихоботи аз қабл тавассути давлат ақалият аммо тамомиятхоҳи ҳоким бар ин кишвар гузиниши шудаанд. Ағлаб аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёси, ки аксарияти ҷамъияти ин кишварро намояндаги мекунанд ин интихоботро ба далоили мухталиф таҳрим кардаанд ва Ҷунбиши Ал-Вифоқ таи байнияе наздик ба 140 далел барои зарурати таҳрими интихобот зикр кардааст.

Дар айни ҳол давлати ҳоким низ таи мусавабае дар соли 2018 дуруст дар замоне, ки ин кишвар бо эъмоли фишори давлати Трамп ва бо чароғ сабзи Арабистон ба самти оддисози  равобит бо режими саҳюнистӣ гом мебардошт, хело аз шаҳрвандони ин кишварро салби шаҳрванди кард ва бо ғайри қонуни кардани фаъолияти аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсии мухолифи онҳоро аз ҳақи ширкат дар интихобот маҳрум кард. Дар муқобил давлат то аттои шаҳрвандии густарда ба сунниҳо аз кишварҳои мухталиф ва ба хусус ба такфириҳое, ки дар ҷанги Сурия дар иҷрои пружаи барандозӣ мушорикат карда буданд заминаи мушорикати онҳоро дар интихоботи имрӯз фароҳам кардааст.

Додани ҳақи рай ба низомиён ва тақсими ҳавзаҳои интихоботи ба сурати тоифи аз тарфандҳои ҳайати ҳокимаи Манома барои  баргузории интихоботи имрӯз аст. Ҳамчунин давлати Манома бо мудирияти Арабистон чанд рӯз қабл аз баргузори  интихобот нишастеро бо шиъори " Шарқу ғарб барои ҳамсизстии инсонӣ" баргузор кард ва бидуни инки намояндае аз аксарияти шиъаёни сокин дар ин кишвар  намояндае дар он дошта бошанд аз  шахсиятҳои чун  Поп ва Шайх Ал-Азҳарро ба ин нишаст даъват кард то аз ин тариқ ҳам бар раванди оддисозии робита бо режими саҳюнистӣ  ҳам инки бар нақзи густардаи ҳуқуқи башар ва пратаколҳои интихоботи сарпуш бигузорад.

Бо тававҷӯҳ ба инки нақши густардаи ҳуқуқи башар ва эъмоли табъизҳои норавоии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ аз баъди таъсиси ин  кишвар вуҷӯд доштааст лизо метавон яке аз вижагиҳои шибҳи интихоботи 12-уми ноябрро аввалин интихоботи баъд аз оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ донист ва бахши умдае аз таҳримҳои густардаи интихобот аз сӯйи аҳзоб ва гурӯҳҳо ва мардуми ин кишвар ба ин мавзӯъ марбут мешавад камо инки бахши умдаие аз аҳдоф ва талошҳои давлати Манома барои машруият бахшидан ба интихоботи имрӯз ҳам аз ин масъала ноши мешавад.

Агар пеш аз ин Арабистон нақши аввалро дар шакл диҳи ба сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷӣ давлати даст нишондеҳи Манома бозӣ мекард акнун режими саҳюнистӣ низ дар ин маҷмуъа изофа шуда зимни инки Баҳрайн аз замони шаклгирии потуқи низомиёни амрикоӣ ва инглисӣ ҳам будааст. Агар давлати Манома давлати мустақил мебуд имкони инки  давлат ва мухолифон ба як роҳи ҳал  мерасиданд зиёд буд камо инки ин раванд баъд аз ба қудрат расидани Шайх Муҳаммад шурӯъ шуд ва бо вуҷӯди инки вай ба ҳамаи ваъдаҳои худ дар маншури ислоҳоти соли 2001 амал накард аммо боз аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсӣ муъориз ба имтиёзоти ҳадди ақали канор омаданд ва агар ислоҳоте, ки аз авоили соли 2000 шурӯъ шуда буд идома пайдо мекард шояд мавҷи хезишҳои мардуми мавсум ба Баҳори арабӣ ба Баҳраён расид.

Аммо Арабистон, ки дар шикасти кашондани тарҳи ислоҳоти дохилӣ нақши асли ифо карда буд баъд аз оғози хезишҳои арабӣ ба мудохилоти низомӣ ва ишғолгарона низ дар Баҳрайн даст зад ва бадин тартиб боби ҳар гуна ислоҳоти сиёсии дохилиро баст ва дар муқобили тарҳҳои мавриди назари худро бар давлати  ақалият аммо тамомиятхоҳи Баҳрайн таҳмил кард.

Акнун Баҳрайн беш аз пеш ба Арабистон вобаста шуда ва бо наздики  ба режими саҳюнистӣ амалан дар сиёсати дохилӣ низ таҳти таъсири рӯйкардҳои ин режим қарор гирифта ва бар ҳамин асос мушоҳида мешавад акнуну Баҳрайн дақиқан аз ҳамон шеваҳои алайҳи сокинони асли Баҳрайн истифода мекунад, ки пеш аз ин ва аз чанд даҳҳа пеш саҳюнистҳо алайҳи фаластиниҳо истифода кардаанд, ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба салби шаҳрвандии сокинони аслии баҳрайнӣ ва аттои шаҳрванди ба касоне, ишора кард, ки ҳеҷ решаи баҳрайнӣ надоранд.

Дар чунин вазъияте баргузории интихобот ба истилоҳ намоянадагон дар Баҳрайн чизи ҷузъ як жести сиёсӣ ва таблиғотӣ барои ҳайати ҳокима ва ҳомиёни хориҷии он нест ва баргузории  ин интихоботи фармоиши чизеро аз саҳнаи амал тағир нахоҳад дод ва камокон заминае барои тадоввуми эътирозо боқӣ хоҳад монд.

Бештар бихонед:

 

 

 

 

Барчасп