Қатли ваҳшиёнаи як яманӣ дар пойтахти Арабистони саъӯдӣ
Созмони ҳуқуқи башарии « Инсон » аз иқдоми неруҳои амниятии саъӯдӣ ба қатли ваҳшиёнаи Алӣ Отиф Алалиӣ-табаъаи Яман дар Риёз-пойтахти Арабистон парда бардошт .
Ба гузориши пойгоҳи интерентии « Яманӣ пресс », созмони ҳуқуқи башарии « Инсон » рӯзи сешанбе дар баёнияе эълом кард гузоришеро аз хонаводаи Алалиӣ аз устони Алмаҳвити Яман дарёфт кардааст, ки тайид мекунад фарзандашон Алӣ Отиф Алалиӣ ба дасти неруҳои амниятии саъӯдӣ дар Риёз ба тарзи ваҳшиёнае ба қатл расидааст .
Дар ин баёния омадааст ҷинояти қатли ин табаъаи яманӣ пас аз рабудани вай аз наздики маҳали кораш ва шиканҷа бо зарбу ҷарҳ ва дар ниҳоят буғӣ кардани ӯ сурат гирифтааст .
Алалиӣ дар охирин тамос дар нуҳуми сентябр ва қабл аз қатъ шудани иртибот хонаводаашро дар ҷараёни таҳдид шудан қарор додааст; ба тавре ки ҷасади вай баъдан дар идораи полиси Риёз пайдо шуд .
Созмони ҳуқуқии “Инсон” хостори таҳқиқоти густарда дар бораи ҷинояти саъӯдиҳо дар ҳақи атбоъи хориҷӣ дар Арабистон, ҷилавгирӣ аз ин ҷиноёт ва муҷозоти омилони он бар асоси қавонин ва маншурҳои байналмилалӣ шудааст.
Тозатарин феҳристи Вазорати дохилаи Арабистони саъӯдӣ нишон медиҳад илова бар ҳузури 4201 зиндонии саъӯдӣ,1028 нафар аз чиҳил кишвари мухталиф ба баҳонаи иттиҳомоти амниятӣ ва террористӣ дар зиндонҳои оли Сауд ба сар мебаранд ва миллияти 22 нафар аз зиндониёни амниятӣ низ равшан нест .