Ноябр 21, 2022 11:10 Asia/Dushanbe
  • Дар поёни ин нишаст, Маъруфов аз Фаҳдал-Канъон даъват кард то дар ҳар замони муносиб аз Қирғизистон боздид кунад
    Дар поёни ин нишаст, Маъруфов аз Фаҳдал-Канъон даъват кард то дар ҳар замони муносиб аз Қирғизистон боздид кунад

Сафири Қирғизистон ва муовини вазири фарҳанги Арабистони Саъудӣ дар мавриди ҳамкори дар ҳавзаи умури фарҳангӣ ва башардӯстона гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши Садои Хуросон Улуғбек Маъруфов сафири Қирғизистон дар Арабистони Саъудӣ бо Фадал-Канъон муовини вазири фараҳанги Арабистони Саъудӣ дидор кард.

Тарафайн ба вижа дар мавриди макони баргузории мутақобили рӯзҳои фарҳанг ва синамои Қирғизистон ва Арабистон, баргузории ҳамоиши муштараки байналмиллалии  ҷавонон бо ҳузӯри фарҳангиёни кишварҳои Осиё Марказӣ ва табодули  ҳайатҳои халоқ баҳс ва табодули назар карданд.

Ҳамчунин ширкат кунандагон бар алоқаи мутақобил барои густариши бештари ҳамкориҳо дар ҳавзаи фарҳангӣ ва башардӯстона ва ҳамчунин тасреъ дар имзо ва мувофиқатномаи ҳамкори дар заминаи фарҳанг байни Вазоратхонаҳои дукишвар таъкид карданд.

Дар поёни ин нишаст, Маъруфов аз Фаҳдал-Канъон даъват кард то дар ҳар замони муносиб аз Қирғизистон боздид кунад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп