Декабр 01, 2022 15:05 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати 2 ҷавони фаластинӣ дар юриши низомиёни саҳюнист ба урдӯгоҳи Ҷанин

Низомиёни саҳюнист дар юриш ба урдӯгоҳи Ҷанин 2 фаластиниро шаҳид ва 2 нафари дигарро захмӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории расмии Фаластин (Вафо), дар даргирӣ байни низомиёни саҳюнист ва нерӯҳои муқовимати Фаластин дар урдугоҳи Ҷанин воқеъ дар ғарби ин шаҳр, 2 ҷавони фаластинӣ ба номҳои Муҳаммад Ал Саъдӣ ва Наим Ал Зубайдӣ ба зарби гулӯлаи саҳюнистҳо шаҳид ва 2 нафари дигар захмӣ шуданд.

Бар асоси ин гузориш, ҳамзамон гурдони Ҷанини неруҳои муқовимати Фаластин эълом кард, дар юриши низомиёни саҳюнист ба урдӯгоҳи Ҷанин, ин неруҳо худравҳои зиреҳии саҳюнистҳоро ба гулӯла бастанд ва ба самти он бастаҳои инфиҷор партоб карданд.

Аз сӯи дигар Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин низ дар баёнияе эълом кард, ҷинояти юриши низомиёни саҳюнист ба урдӯгоҳи Ҷанин, ки мунҷар ба шаҳодати 2 ҷавон фаластинӣ шуд, бе посух нахоҳад монад.

Дар посух ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар манотиқи мухталифи Каронаи Бохтарӣ руди Урдун амалиёти зиддисаҳюнистӣ дар тӯли моҳҳои ахир ба шиддат афзоиш ёфтааст, ба гунае, ки сарони сиёсӣ ва ниҳодҳои низомӣ ва амниятии ин режим ба нотавонии худ дар муқобила бо ин амалиётҳо изъон карда ва дар бораи густариши он ҳушдор медиҳанд.

 

Барчасп