Инфиҷори бомба дар шарқи Тел-Авив
(last modified Fri, 02 Dec 2022 12:45:53 GMT )
Декабр 02, 2022 17:45 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷори бомба дар шарқи Тел-Авив

Манобеи хабарии ибрӣ шомгоҳи панҷшанбе аз вуқуи як инфиҷор дар наздикии ресторане дар шарқи Тел-Авив хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, шабакаи 12 телевизиони режими саҳюнистӣ хабар дод, ки як бастаи инфиҷорӣ дар шарқи Тел-Авив мунфаҷир шудаву полиси ин режим ба суръат озими маҳалли инфиҷор шудааст.

Ҷузъиёти бештаре дар бораи талафоту хисороти ворида мунташир нашудааст.

Хабари дигар ин ки расонаҳои саҳюнистӣ панҷшанбешаб гузориш доданд, ки артиши ин режим аз бими посухи эҳтимолии гуруҳҳои муқовимат ба шаҳодати ҷавонони Фаластин ва шиллики мушаки муқовимат сатҳи омодабошро дар манотиқи ишғолӣ афзоиш додааст.

Афзоиши сатҳи омодабош дар манотиқи ишғолӣ дар ҳолест, ки муқовимати Фаластин рӯзи панҷшанбе озмоиши мушакии ҷадидеро дар савоҳили Ғазза анҷом дод.

Дар озмоиши мушакии муқовимати Фаластини се мушак ба сӯи соҳил партоб шудааст.

Гуруҳҳои муқовимати Фаластин дар навори Ғазза дар солҳои ахир дар ростои афзоиши қувои низомӣ ва ҳифзи омодагии худ иқдом ба озмоишоти мушакӣ аз савоҳили Ғазза мекунанд.

Муқовимати Фаластин дар набарди “Сайф-ул-Қудс” бо истифода аз мушакҳои худ режими саҳюнистиро ғофилгир кард ва тавонист аксари нуқоти сарзаминҳои ишғолиро ҳадаф қарор диҳад.