Декабр 05, 2022 17:34 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати ҷавони фаластинӣ дар Байтуллаҳм ба зарби гулулаи саҳюнистҳо
    Шаҳодати ҷавони фаластинӣ дар Байтуллаҳм ба зарби гулулаи саҳюнистҳо

Низомиёни режими саҳюнистӣ дар юриш ба урдугоҳи оворагони Алдаҳиша дар Байтуллаҳм як ҷавони фаластиниро ба шаҳодат расонданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии Фаластин Алявм дар ҳамлаи саҳаргоҳи имруз душанбе низомиёни ишғолгари рержими саҳюнистӣ ба урдугоҳи оворагони Алдаҳиша дар шаҳри Байтуллаҳм дар ҷануби Карони Бохтари руди Урдун як ҷавони фаластинӣ бар асари исобати гулула ба шаҳодат расид ва 6 фаластинии дигар захми шуданд.

Манобеъи маҳалли гузориш доданд, ки ин шаҳид Умар Маноъ асири озодшуда аз урдугоҳи Алдашишия аст.

Ҷунбиши Алмуҷоҳидини Фаластин зимни таслияти шаҳодати ин ҷавони фаластинӣ эълом кард, ки хуни ин шаҳид чароғи дурахшони роҳи озодсозии Фаластин боқи хоҳад монд.

Дар рузҳо, ҳафтаҳо ва моҳҳои ахир ҳамалоти низомиёни саҳюнист ба фаластиниён шиддат гирифта аст ва саҳюнистҳо дар бисёри аз маворид бо шилики мустақими гулула фаластиниёнро ҳадаф қарор медиҳанд.

 

Барчасп