Декабр 11, 2022 11:05 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 6 ҳазору 500 фаластинӣ дар соли 2022
    Боздошти 6 ҳазору 500 фаластинӣ дар соли 2022

Бошгоҳи асирони фаластинӣ дар гузорише эълом кард аз оғози соли ҷорӣ то кунун 6 ҳазору 500 фаластинӣ боздошт шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар гузориши бошгоҳи асирони фаластинӣ омада аст аз оғози соли 2022 то кунун 6 ҳазору 500 фаластинӣ аз ҷумла 153 зан ва 811 кудак тавассути режими саҳюнистӣ боздошт ва бархе аз онҳо озод шуданд.

Бар асоси ин гузориш режими саҳюнистӣ барои 2 ҳазору 134 фаластинӣ низ боздошти идори содир карда аст.

Бошгоҳи асирони фаластинӣ афзуд қадимитарин асирони фаластинӣ дар зиндони режими саҳюнистӣ Карим Юнус ва Моҳир Юнус ҳастанд, ки аз соли 1983 дар зиндон ба сар мебаранд ва маҳкумияти онҳо моҳҳои оянда поён хоҳад ёфт.

Бар асоси ин гузориш 600 асири бемор аз ҷумла 24 бумтало ба саратон ва тумор дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ дар зиндон ҳастанд ва пайкари 10 асири фаластинӣ, ки дар зиндон ҷон бохтанд ҳамчунон дар ихтиёри режими саҳюнистӣ аст.

 

Барчасп