Тафсир. Шикаста шудани рекорди эъдом дар Арабистон дар давраи Бин Салмон
-
Рекорди эъдом дар ҳукумати Муҳаммад бин Салмон
Сайти «Миратулҷазира» эълом кард, ки ҳукумати Арабистони Саудӣ ҳукми ниҳоии панҷ зиндонии ақидатии ин кишварро содир кардааст.
Ин расона ба нақл аз як манбаи мутталеъ эълом кард, ки ҳукумати Риёз Муҳаммадалӣ Ал-Шиқоқ, Мансур Самир Ал-Ҳоик, Марзуқ Муҳаммадзаиф оли Фазл ва Раъд Муҳаммадзаиф оли Фазлро маҳкум ба эъдом кардааст. Бо маҳкум шудани ин чаҳор саудӣ ба эъдом, теъдоди афроди дар маърази қатл тавассути ҳукумати Арабистон ба 63 нафар афзоиш ёфт.
Дар 13 озар низ созмони ҳуқуқи башари мавсум ба «Санад» аз судури ҳукми эъдом алайҳи шаш нафари дигар аз фаъолони ин кишвар ба номҳои Муҳаммад оли Таҳнун, Мустафо Абушоҳин, Абдуллоҳ Ғазви, Зуҳайр оли Самхон, Муҳаммад оли Мусаббаҳ ва Рази Ал-Шоиб хабар дод.
Пештар низ Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи башар дар шибҳи ҷазираи арабӣ дар гузорише аз судури аҳкоми эъдом барои афроди зери синни қонунӣ хабар дода буд. Тибқи гузориши ин кумита, Юсуф Ал-Маносиф, Абдулмаҷид Ал-Намер, Ҷавод Қурайрис, Фозил Ал-Савҷонӣ, Али Ал-Мубайвиқ, Муҳаммад Аллилбод, Муҳамад Ал-Фараҷ, Аҳмад оли Идғом, Ҳасан Заки оли Фараҷ ва Али Ал-Субайтӣ, ки ҳамагӣ кӯдаку зери синни қонунӣ ҳастанд, шомили аҳкоми гуруҳии эъдом шудаанд.
Ин оморҳо аз ин воқеияти талхе парда бармедорад, ки дар сояи сукути ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таъсири долларҳои нафтии саудӣ нақзи густардаи ҳуқуқи башар ва дар раъси он эъдомҳои худсарона ба як амри одӣ ва рӯзмарра дар Арабистон табдил шудааст.
Арабистон тайи даҳ соли гузашта рекордеро аз эъдом ба сабт расонидааст ва ин дар ҳолест, ки аз соли 2013 то октябри имсол 1100 нафарро эъдом карда, ки беш аз 990 мавриди он дар замони салтанати малик Салмон бин Абдулазиз - подшоҳи Арабистон аз авоили соли 2015 будааст.
Бар асоси гузориши нозирон, Арабистони Саудӣ қабл аз валиаҳдии Муҳаммад бин Салмон як кишвари саркӯбгар буд, аммо пас аз ба қудрат расидани ӯ саркӯбгарӣ ба таври бесобиқае ташдид шудааст, ба гунае, ки ҳар касе аз ҳукумат интиқод ё аз ҳуқуқи худ дифоъ кунад, боздошт мешаваду таҳти шиканҷаҳои шадиду ҳабсҳои тӯлонӣ қарор мегирад.
Режими оли Сауд тайи ду соли гузашта дар сояи сукути ҷавомеи байналмилалӣ саркӯби мунтақидону фаъолонро ташдид карда ва ин амр Арабистонро ба яке аз бадтарин ноқизони ҳуқуқи башар табдил кардааст.
Баровардҳо дар мавриди теъдоди зиндониёни озодии баён дар зиндонҳои Оли Сауд мутафовит аст ва дар охирин омор ҳисоби корбарии «Боздоштшудагони озодии баён» эълом кард, ки 2613 зиндонии сиёсӣ аз ҳамаи ақшору гуруҳҳо дар чандин зиндони оли Сауд вуҷуд дорад.
Фаъолони саудӣ бар ин боваранд, ки ин рақам танҳо марбут ба касонест, ки аз сентябри 2017 дастгир шудаанд, зеро теъдоди боздоштшудагон пас аз ба қудрат расидани Муҳаммад бин Салмон дар июни 2017 афзоиш ёфтааст.
Зиндонҳои оли Сауд аз замони оғози валиаҳдии Муҳаммад бин Салмон ба гӯрҳои дастаҷамъӣ табдил шуда, ки ҳар касе вориди ин зиндонҳо шавад, дар маърази бадтарин шиканҷаҳову озору азият ва ҳатто марг қарор мегирад. Ҳамон тавр, ки бархе аз боздоштшудагон, аз ҷумла Фаҳд Ал-Қозӣ, Аш-Шайх Сулаймон, Аҳмад Ал-Амморӣ, Турки Алҷосир ва Алӣ Ал-Қаҳтонӣ дар зиндон бар асари шиканҷаи ҷадид ё саҳлангории пизишкӣ ҷони худро аз даст доданд.
Ҳамчунин Ҳамд бони Ал-Раили, Ҳасан Ал-Рабаҳ, Солеҳ Ал-Замирӣ, Аҳмад Ал-Шоеъ, Башир Ал-Мутлақ ва Муҳаммад Алҳасои дар зиндонҳои оли Сауд фавт карданд.
Гумон меравад номҳои дигаре низ вуҷуд дошта бошад, ки мумкин аст ҷони худро бар асари шиканҷа аз даст дода бошанд, аммо мақомоти оли Сауд онро фош намекунанд.
Бар асоси он чӣ созмонҳои ҳуқуқи башарии муртабит бо парвандаи боздоштшудагон дар кишвар эълом карданд, боздоштшудагони сентябр дар шароити бисёр буғранҷе ба сар мебаранд. Ҳамон тавр ки Салмон Алваъда, мубаллиғи барҷастаи саудӣ аз чандин бемории музмин ранҷ мебарад ва ин дар ҳолест, ки аз иртибот бо хонаводаи худ ва дармон маҳрум аст.
Мақомоти саудӣ бештари боздоштшудагони сентябр ва боздоштшудагони апрелро дар маконҳои номаълуму биноҳои хусусии мутааллиқ ба Ожонси амнияти давлатӣ, ожонсе ки тавассути Муҳаммад бин Салмон барои иҷрои мавҷи дастгирии мухолифонаш таъсис шуда, нигаҳдорӣ мекунанд.
Сиёсатҳои саркӯбгаронаи режими саудӣ ва дар раъси он эъдомҳои худсарона танҳо ба қишри хос маҳдуд намешавад ва агарчӣ дар гузашта бештари шиаён дар маърази ин сиёсатҳои саркӯбу террору шиканҷа қарор дошт, аммо акнун ва аз замоне, ки Бин Салмон қудратро дар даст гирифта, шояд битавон гуфт, доманаи сиёсатҳои саркӯб ба сунниҳо ва ҳатто даруни хонадони саудӣ низ густариш ёфтааст ва бархе аз эъдомиҳо ба манотиқе марбут мешавад, ки қарор аст тарҳи баландпарвозонаи “Неум” дар он ҷо иҷро шавад, аммо сокинони ин манотиқ ба далели кӯчи иҷборӣ дар баробари он муқовимат мекунанд ва дар ниҳоят боздошт, шиканҷа ва дар мавориде ба эъдом маҳкум мешаванд.