Интиқоди ҲАМОС аз нокоромадии қатъномаҳои Созмони Милал зидди Исроил
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i96174-Интиқоди_ҲАМОС_аз_нокоромадии_қатъномаҳои_Созмони_Милал_зидди_Исроил
Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) аз Созмони Милал ба далели тасвиби қатъномаҳои зиёд зидди режими саҳюнистӣ, бидуни дар назар гирифтани роҳкори амалӣ ва иҷроӣ барои онҳо интиқод кард.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Декабр 31, 2022 17:24 Asia/Dushanbe
  • ҲАМОС: Қатъномаҳо дар ҳадди ҷавҳар рӯйи варақ боқӣ мемонад
    ҲАМОС: Қатъномаҳо дар ҳадди ҷавҳар рӯйи варақ боқӣ мемонад

Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) аз Созмони Милал ба далели тасвиби қатъномаҳои зиёд зидди режими саҳюнистӣ, бидуни дар назар гирифтани роҳкори амалӣ ва иҷроӣ барои онҳо интиқод кард.

Маҷмаи умумии Созмони Милал бо аксарияти оро ба тарҳи ироашуда аз сӯи Фаластин дар мавриди судури раъйи қонунӣ аз Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ дар Гаага - моҳияту вазъияти ҳуқуқии ишғолгарии режими саҳюнистӣ дар сарзамини Фаластин, раъйи мусбат дод.

Ба гузориши шабакаи «Алҷазира», Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) имрӯз - шанбе дар баёнияе дар вокуниш ба тасвиби қатъномаи ҷадиди зиддисаҳюнистӣ дар Маҷмаи умумии СММ эълом кард, ин қатънома низ ба сериали қатъномаҳои зиёди байналмилалӣ, ки фоқиди як роҳкори амалӣ барои фишор бар ишғолгарон ҳастанд, афзуда мешавад.

ҲАМОС дар ин баёния таъкид кард: То замоне, ки Амрико ба унвони шарики режими ишғолгари Қудс дар саҳна ҳузур дошта бошад ва барои иқдомоти саҳюнистҳо пӯшиш эҷод кунад, ин қатъномаҳо дар ҳадди ҷавҳар рӯйи варақ боқӣ мемонад ва ҳеҷ асари амалӣ нахоҳад дошт.