Боздошти 7 ҳазор фаластинӣ дар соли ҷории мелодӣ
(last modified Mon, 02 Jan 2023 07:07:56 GMT )
Январ 02, 2023 12:07 Asia/Dushanbe
  • Дар соле, ки гузашт, 117 нафар аз сокинони навор Ғазза ҳам ба дасти низомиёни режими саҳюнистӣ боздошт шуданд
    Дар соле, ки гузашт, 117 нафар аз сокинони навор Ғазза ҳам ба дасти низомиёни режими саҳюнистӣ боздошт шуданд

Маркази мутолеъоти Фаластин эълом кард, режими саҳюнистӣ дар соли гузаштаи мелодӣ, бохдошти фаластиниён дар Ирози ишғолиро шиддат бахшида ва ҳазорон нафарро боздошт кардааст.

Ба гузориши Садои Хуросон, маркази мутолеъоти Исрои Фаластин дар гузориши худ тасреҳ кард: Дар соли гузашта (2022) наздик ба 7 ҳазор фаластинӣ ба боздошти низомиёни саҳюнистӣ даромаданд, ки дар миёни онон 164 зан ва духтар ва 865 кӯдак дида мешавад.

Ин марказ афзӯд: Бештари боздошт шудагон пас аз таҳқиқ ва бозҷӯи озод шуданд аммо шуморе ҳам ҳамчунон дар банди асорат ҳастанд.

Бар асоси ин гузориш, дар нимаи нахусти соли 2022 шаш нафар аз намояндагони Маҷлиси қонунгузори Фаластин ба номҳои Носир Абдулҷавод аз Салфит, Аҳмад Атун аз Қудс, Халил Рабеъӣ, Муҳаммад Тал, Босем Заорир ва Ноиф Раҷуб ҳамаги аз шаҳри Ал-Халил ба боздошти низомиёни саҳюнист даромаданд.

Дар соле, ки гузашт, 117 нафар аз сокинони навор Ғазза ҳам ба дасти низомиёни режими саҳюнистӣ боздошт шуданд ҳамчунин дар соли 2022 мелодӣ, 51483 шаҳракнишини ишғолгарӣ саҳюнист ба  Масҷидул Ақсо таъаруз карданд.

Масҷидул Ақсо тақрибан ҳар рӯз шоҳиди юриши шаҳракнишинони саҳюнист ва муқобилаи густардаи мудофеъони фаластинии ин масҷид ва сокинони шаҳри ишғолии Қудс аст.

Бешатр бихонед: