Январ 07, 2023 13:31 Asia/Dushanbe
  • Мухолифат дар 14 кишвари арабӣ бо оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ

Натоиҷи тозатарин назарсанҷӣ дар 14 кишвари арабӣ нишон медиҳад, ки аксарияти мардуми ин кишварҳо мухолифи оддисозӣ равобит бо режими саҳюнистӣ ҳастанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, чаҳор кишвари арабии Иморот, Баҳрайн, Судон ва Марокаш соли 2020 бо фишору васотати Амрико ва бидӯни тавваҷуҳ ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ зидди фаластиниён равобити худро бо режими саҳюнистии оддисозӣ карданд . Ин иқдом бо мавҷе аз мухолифатҳо дар кишварҳои арабӣ ва исломӣ мувоҷеҳ шуд .
Дар ҳамин росто ва ба гузориши рӯзи шанбеи хабаргузории " Шаҳоб " дар Фаластин бар асоси натоиҷи тозатарин назарсанҷӣ дар 14 кишвари арабӣ 84 дарсад аз ширкаткунандагон дар ин назарсанҷӣ мухолифи он ҳастанд, ки давлатҳои онҳо режими саҳюнистиро ба расмият бишносад .Ин феҳрист шомили кишварҳои Мавритания, Марокаш, Тунис, Либия, Миср, Судон,Алҷазоир,Фаластин, Лубнон, Урдун, Ироқ, Арабистон, Кувайт ва Қатар мешавад .
Бар асоси ин назарсанҷӣ, ки маркази арабии пажӯҳишҳо ва мутолиъоти сиёсӣ, ки наҳоди ғайридавлатӣ аст, анҷом дода ва доираи омории он 33 ҳазор нафар аст, 36 дарсад аз ширкаткунандагон бар ин боваранд, ки қудрати ишғолгари истиъморӣ дар Фаластин, омили асли мухолифати онон бо режими саҳюнистӣ аст; дар ҳоле ки 9 дарсади дигар гуфтанд, ки Исроил қасд дорад, ки бар манотиқи арабии бештаре султа пайдо кунад .
 

 

Барчасп