Пешниҳоди васвасакунандаи Алҳилоли Арабистон ба Месси
(last modified Thu, 12 Jan 2023 13:51:47 GMT )
Январ 12, 2023 18:51 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди васвасакунандаи Алҳилоли Арабистон ба Месси

Як нашрияи фаронсавӣ аз пешниҳоди васвасакунандаи Алҳилоли Арабистон ба Лионел Месси-абарситораи аргентинаӣ хабар дод .

Овозаҳо дар бораи талоши бошгоҳи Алҳилоли Арабистон барои ҷазби Лионел Месси-абарситораи аргентенаии Пари-Сан- Жерман рӯз ба рӯз ба воқеият наздиктар мешавад .
Баъд аз иддаои расонаҳои Арабистон аз пешниҳоди нуҷӯмии бошгоҳи Алҳилол барои ҷазби Лионел Месси ҳоло навбати нашриёти муътабари аврупоӣ расида то ин пешниҳоди аҷиби саъудиҳоро таъйид кунанд .

Ба гузориши хабаргузории Форс, нашрияи « RMC »-и Фаронса рӯзи панҷшанбе бо таъйиди ин хабар навишт : Пешниҳоди девонавору ғайриқобили рад аз бошгоҳи Алҳилоли Арабистон рӯйи мизи Лионел Месси қарор дорад ва ин бозикунро суст кардааст .
Месси ҳануз ҳозир ба тамдиди қарордодаш бо Пари-Сан- Жерман нашуда ва ин пешниҳоди сарсомовар боис шуда, то қаҳрамони ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар васваса шавад .

Бошгоҳи Алҳилол пешниҳоди дастмузди солиёна 300 миллион долларро ба Месси додааст . Ин пешниҳод 6 баробари дастмузди кунӯнии Месси дар Пари-Сан- Жерман аст .
Бояд дид Носир ал-Халифӣ молики қатарии бошгоҳи Пари-Сан- Жерман метавонад муқобили ин пешниҳоди аҷиби бошгоҳи саъудӣ муқовимат кунад ва пешниҳод ба Месси бидиҳад, ки аз рафтан ба Арабистон мунсариф шавад.