Январ 15, 2023 11:13 Asia/Dushanbe
  • Захмишудани се низомии саҳюнистӣ бар асари инфиҷори граната
    Захмишудани се низомии саҳюнистӣ бар асари инфиҷори граната

Се низомии саҳюнист бар асари инфиҷори граната дар пойгоҳи неруи ҳавоӣ Кофир захм шуданд.

Ихтилофот дар урдугоҳ ва ҷиноҳҳои қудрати режими саҳюнистӣ бо руи кор омадани кобинаи ифротии Натаняҳу ба шиддат афзоиш ёфта аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Русия Алявм, як гранатаи дасти дар дараи Урдун аз тарафи Исроил дар пойгоҳи ҳавоӣ Кофир мунфаҷир шуд ва се низомии саҳюнист захми шуданд вазъияти ҷисмонии яке аз маҷруҳон бад гузориш шуда аст.

Дар ҳамин росто рузи шанбе сарзаминҳои ишғоли шоҳиди тазоҳуроти даҳҳо ҳазор нафари зидди Бинямин Натаняҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ шуда аст.

Рузномаи саҳюнистӣ Ядъут Ҳоронут эълом кард ҳудуди як ҳазор полиси таъмини амният дар ин тазоҳурот дар Тел-Авивро бар уҳда доштанд.

Аз суи дигар кобинаи ифротии Натаняҳу фишорҳо ва ҳамалоти зидди фаластиниёнро афзоиш дода ва раҳбарони фаластинӣ муъатқиданд таҳдидҳои рузи кор омадани кобинаи ифротии ростгаро дар режими саҳюнистӣ мусталзими фаъолияти майдони барои муқобила бо ишғолгарон ва юриши шаҳракнишинони саҳюнист аст.

 

Барчасп