Январ 24, 2023 12:20 Asia/Dushanbe
  • Ҷиҳоди исломӣ : Вориди ҷанги фарогир бо душмани саҳюнистӣ хоҳем шуд

Яке аз сарони Ҷиҳоди исломӣ ҳушдор дод агар ҳамаи тарафҳо барои таваққуфи ҷиноёти режими саҳюнистӣ ба масъулияти худ амал накунанд, вориди даргирии фарогир хоҳем шуд .

Бо рӯйи кор омадани кабинаи ҷадиди Бинёмин Натанёҳу, Масҷидулақсо шоҳиди афзоиши юриши низомиён ва шаҳракнишинони саҳюнист ба ин макони муқаддас будааст . Саҳюнистҳо бо ташдиди таҷовузоту таъаррузоти худ ба Масҷидулақсо ба дунболи фароҳам кардани замина барои тақсими замонӣ ва маконии ин масҷид ҳастанд .
Ба гузориши рӯзи сешанбеи пойгоҳи хабарии Алаҳд, Ториқ Салмӣ-сухангӯи Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин таъкид кард рухдодҳои Масҷидулақсо таҷовузи ошкору густарда ба мардуми Фаластин ва мусулмонон аст .
Салмӣ гуфт : Юриш ба Масҷидулақсо ва анҷоми маросими яҳудӣ дар саҳнҳои он нишонгари мақосиди кабинаи фашисти режими саҳюнистӣ дар ростои иҷрои тарҳҳои он аст; тарҳҳое ки ба манзалаи эълони ҷанг зидди Қудс ва мардуми Фаластин аст .
Ин мақоми фаластинӣ таъкид кард агар ҳамаи тарафҳо барои таваққуфи ҷиноёти режими саҳюнистӣ ва артиши он ба масъӯлияти худ амал накунанд мо низ вориди даргирии фарогир хоҳем шуд ва аз вазоифи худ барои дифо аз Қудсу Алақсо даст барнахоҳим дошт .
Салмӣ бо баёни ин ки мардуми Фаластин барои дифо аз сарзамину муқаддасоти худ оҷиз нест ва ин масаъларо дар набарди” Шамшери Қудс” нишон дод, афзуд: Ин масъала нишон медиҳад, ки мардуми Фаластин дар сарзамину хонаҳои худ боқӣ хоҳанд монд ва ба хотири таҳдиду тероризми Итамар бин Гауэр-вазири амнияти дохилии Исроил онро раҳо нахоҳанд кард .

Бештар бихонед :

 

Барчасп