Тафсир - Ҳушдори иқтисоддонони саҳюнист дар бораи паёмади иқтисодии иқдомоти ифротии кабинаи Натаняҳу
(last modified 2023-02-01T14:03:29+00:00 )
Феврал 01, 2023 19:03 Asia/Dushanbe
  • Тафсир - Ҳушдори иқтисоддонони саҳюнист дар бораи паёмади иқтисодии иқдомоти ифротии кабинаи Натаняҳу

370 иқтисоддони саҳюнист нисбат ба коҳиши саҳҳоми бонкҳои бузурги режими саҳюнистӣ дар бурс ва пайёмадҳои иқтисодии иқдомоти кабинаи ифротӣ ва тундрави Бинямин Натаняҳу, аз ҷумла фирори сармояҳо ҳушдор доданд.

Танҳо як моҳ аз оғоз ба кори кабинаи ҷадиди Натаняҳу дар арозии ишғолӣ мегузарад. Дар як моҳи гузашта бештарин танишҳои дарунӣ ва даргириҳо бо фаластиниҳо рух дод. Дар ҳавзаи дохилӣ, эътирозҳои густардае алайҳи Натаняҳу ва кабинаи вай ҷараён дорад ва даҳҳо ҳазор нафар ба таври хос дар шанбеҳои эътирозӣ дар шаҳрҳои мухталифи арозии ишғолӣ тазоҳурот мекунанд.

Дар ҳавзаи берунӣ низ хушунат ва ифротгароӣ алайҳи фаластиниҳо сабаб шуд амалиёти муқовиматӣ дар даруни арозии ишғолӣ ба лиҳози каммият ва кайфият афзоиш ёбад ба наҳве, ки дар амалиёти рӯзи ҷумъаи гузашта 11 саҳюнист кушта ва ҳудӯди 20 нафар ҳам захмӣ шуданд. Ин амалиёт, шадидтарин амалиёти фаластиниҳо алайҳи саҳюнистҳо дар ду даҳаи ахир буд.

Дар ҳамин ҳол, режими саҳюнистӣ дарсадади пайгирии харобкорӣ ва анҷоми ҳамалоте алайҳи кишварҳои дигар, аз ҷумла Ҷумҳурии исломии Эрон аст, ки қатъан ин навъ иқдомот бидуни посух ҳам намемонад. Бидуни шак, пешшарти аслии рушди иқтисодӣ, вуҷӯди амният аст. Ин навъ иқдомот дар дохилу хориҷ аз арозии ишғолӣ ба манзалаи набуди амнияти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар даруни арозии ишғолӣ аст. Набуди амният ба фирори сармоя ҳам аз иқтисодӣ ва инсонӣ меанҷомад.

Бар ҳамин асос низ иқтисоддонони саҳюнист дар бораи паёмади ин иқдомот ба Натаняҳу ҳушдор доданд. Мутобиқи гузорише, ки расонаҳои саҳюнистӣ мунташир карданд, саҳҳоми бонкҳои бузурги саҳюнистӣ дар бурси рӯзи якшанбеи гузашта ба мизони 4.3 дарсад коҳиш ёфт, ки ин амр ба далели нигарониҳое аст, ки дар пайи тағйироти мавриди назари кабинаи Натаняҳу ба вуҷӯд омада ва саҳюнистҳо аз ин тарс доранд, ки сармоягузорон, сарзаминҳои ишғолиро тарк кунанду рутбаи эътибории режими саҳюнистӣ поин биёяд.

Ҳамчунин дар рӯзҳои ахир бархе аз омилони бахшҳои хусӯсӣ, аз ҳисобҳои пасандози худ бардоштҳое доштаанд. Ури Левин, мудиромили бонки саҳюнистии «Дисконт» низ таъкид кард, ахиран арзиши пули милли режими Исроил дар муқобили доллар раванди коҳишӣ дошта ва аз даромадҳои ниҳодҳои расмӣ низ коста шудааст.

Ин мавзуот ношӣ аз ҳаросе аст, ки сармоягузорон аз эҳтимоли шиддат гирифтани ноамниҳои дохилӣ ва ҳатто вуқуъи ҷанг доранд. Исҳоқ Ҳерзог, раиси режими саҳюнистӣ дар як моҳи гузашта ду бор дар бораи эҳтимоли вуқуъи ҷанги дохилӣ дар арозии ишғолӣ ҳушдор дод. Коҳиши нархи шекел дар муқобили доллар, хурӯҷи бахше аз сармояи сармоядорон аз бонкҳо ва коҳиши беш аз 4 дарсадии саҳҳоми бонкҳои бузург дар бурс тайи танҳо як моҳ дар арозии ишғолӣ рух дод ва идомаи ин вазъият ва ё вахимтар шудани он метавонад, хисоратҳои сангинтаре барои иқтисоди Исроил дар пай дошта бошад.

Дар ҳамин росто, иқтисоддонони саҳюнист дар баёнияе нисбат ба коҳиши рутбаи эътибории режими саҳюнистӣ ва сармоягузории хориҷӣ, мутаваққиф шудани фаъолияти ширкатҳои технологии бузургу хурӯҷи онҳо аз сарзаминҳои ишғолӣ, фирори мағзҳо, осеб ба рушд ва тавсеаи иқтисодӣ ва ҳамчунин осеб ба сатҳи зиндагонии саҳюнистҳо ҳушдор доданд.

 

Барчасп