Талафоти заминларза дар шарқи Мадитарона, ҷон бохтани дастикам 44 нафар дар Сурия ва 50 нафар дар Туркия
(last modified 2023-02-06T07:51:32+00:00 )
Феврал 06, 2023 12:51 Asia/Dushanbe
  • Талафоти заминларза дар шарқи Мадитарона, ҷон бохтани дастикам 44 нафар дар Сурия ва 50 нафар дар Туркия
    Талафоти заминларза дар шарқи Мадитарона, ҷон бохтани дастикам 44 нафар дар Сурия ва 50 нафар дар Туркия

Телевизиони расмии Сурия бомдоди имрӯз душанбе эълом кард, вуқӯъи заминларза дар маркази Туркия ба бисёре аз сохтмонҳо дар шаҳристони Ҳалаб ва манотиқи дигари Сурия, ки дар муҷовирати Туркия қарор дорад осебзада аст.

Бомдоди имрӯз вуқӯъи заминларзае ба қудрати 7.8 риштар дар марказӣ Туркия, бахшҳои зиёде аз шарқи Мадитаронаро ба ларза даровард.

Ба гузориши хабаргузории Ирно, телевизиони расмии Сурия эълом кард, заминларзаи мухраби ҷануби Туркия ба бисёре аз сохтмонҳо дар шаҳристони Ҳалаб ва манотиқи дигари ин кишвар дар муҷоривати Турикия осеб зада аст.

Хабаргузори расмии Сурия "Соно" низ дар гузорише эълом кард, шуморе аз сохтмонҳои устонҳои Ҳимо, Латакия, ва Ҳалаб дар натиҷаи шиддати заминларзаи Туркия вайрон шудааст.

  • Шабакаи Ал-Ҷазира шумори  кӯшта шудагони ин ҳодиса дар Сурияро 44 нафар эълом кард.
  • Дастикам панҷоҳ нафар ҳам дар заминларза дар Туркия ҷон бохтаанд.

Заминларзае  ба қудрати 7.8 риштар соати 4 ва 17 дақиқаи бомдоди имрӯз душанбе минтиақаи Пазарчик дар устони  Қаҳрамонмараси Туркияро ба ларза даровард.

Ба гузориши хабаргузори Форс, мудирияти маркази ҳаводиси истирории Туркия бо интишори ин хабар эълом кард, ин заминларза дар умқи 7 киламетрии замин рӯх додааст.

Манобеъи огоҳ дар кишвари Туркия то кунун  теъдоди талафоти ин зилзиларо ҳудуди 50 нафар эълом кардаанд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон раисҷумҳӯри Турикия пас аз ин ҳодиса зимни эъломи омодабош барои ниҳодҳҳо ва созмонҳои зеррабт аз ҷумла  Вазоратхонаи беҳдошт ва кишвар ва ҳам чунин идараи ҳаводис ва фавриятҳо гуфт, ҳанӯз наметавон аз хисоратҳои зилзила бароварди дақиқе ироа кард.

Ин заминларза дақиқан дар соати 21: 48 дақиқа рӯх дода, ҳарчанд Туркия қудрати ин заминларзаро 7.8 ва умқи онро ҳафт киламетр аз сатҳи замин эълом кард.

Бештар бихонед: 

Барчасп