Феврал 06, 2023 19:06 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Ҳания ба шаҳодати муборизони фаластинӣ, Исроил руи оромишро нахоҳад дид
    Вокуниши Ҳания ба шаҳодати муборизони фаластинӣ, Исроил руи оромишро нахоҳад дид

Раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин, Ҳамос дар вокуниш ба шаҳодати панҷтан аз муборизи фаластинӣ дар шаҳри Арриҳо таъкид кард бо вуҷуди ҷиноятҳои имруз дар Ақабатуҷабар муқовимат идома хоҳад дошт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Исмоил Ҳания, раиси дафтаи ҷунбиши муқовимати Фаластин, Ҳамос дар вокуниш ба террори теъдоди аз муборизони муқовимати Фаластин дар урдугоҳи Ақабатуҷабар дар Арриҳо гуфт: Гуруҳои муқовимат ба амалиётҳои худ то берун рондани ишғолгарон аз ин сарзамин идома хоҳанд дод.

Исмоил Ҳания афзуд: Диловармандони муқовимат дар урдугоҳи Ақабатуҷабар то лаҳзаи шаҳодат барои дифоъ аз сарзамин ва муқадасоташон мубориза карданд ва набарди ҷонона аз худ ба намоиш гузоштанд.

Ҳания таъкид кард: Идомаи ҷиноёти душмани саҳюнистӣ зидди миллати Фаластин саранҷом домани ин режимро хоҳад гирифт ва мудохилаи тарафҳои байналмилали ва минтақаӣ ҳаргиз наметавонад пеши  роҳи идомаи хезиш ва муқовимати миллати Фаластинро бигирад ва душман лаҳзае оромиш нахоҳад дошт ва рузҳои сахтеро дар пеш хоҳад дошт.

Ҳания гуфтани аст дар рузҳои ахир режими саҳюнистӣ бо анҷоми амалиётҳои мутаъадиди тирандози неруҳои муқовимат дар урдугоҳи Ақабатуҷабар дар Арриҳо ғофилгир шуда буд.

Барчасп