Феврал 07, 2023 18:19 Asia/Dushanbe
  • \
    \"Бешаи шерон\" аз муҳимтарин гурӯҳҳое аст, ки дар Наблус шакл гирифт

Гурӯҳи муқовиматии мавсӯм ба «Катибаи махим ақаба ҷабр» ( Гурдони урдӯгоҳи ақабаи ҷабр), вобаста ба гурдонҳои Ал Қисом, шохаи низомии ҷумбиши Ҳамоси Фаластин дар шаҳри Ариҳо эъломи мавҷӯдият кард.

Зуҳӯри гурӯҳҳои ҷадиди муқовимат дар шаҳрҳои Фаластин дар як соли ахир ба кобӯсе барои режими ишғолгари саҳюнистӣ табдил шуд. "Бешаи шерон" аз муҳимтарин гуруҳҳое аст, ки дар Наблус шакл гирифт.

Ин гурӯҳи муқовимат дар як соли гузашта, муҷрии ағлаби амалиёт алайҳи саҳюнистҳо, аз ҷумла дар даруни арозии ишғолӣ буд. Шаклгирии "Бешаи шерон" ба маънои ҳаракати Каронаи Бохтарӣ ба самти мусаллаҳ шудан буд. Акнӯн Ариҳо дар Каронаи Бохтарӣ низ шоҳиди таъсиси як гурдон аз Ал Қисом аст. Таъсиси ин гурдон дар Ариҳо аз ин ҷиҳат аҳаммият дорад, ки Ариҳо дар гузашта ба шаҳре ором дар Каронаи Бохтарӣ барои ишғолгарон маъруф буд.

Илова бар ин, ташкили гурдон дар Ариҳо ба манзалаи хашми ин шаҳри ором алайҳи саҳюнистҳо аст, чаро ки ин шаҳр аз ду ҳафтаи гузашта токунӯн таҳти муҳосираи низомиёни режими саҳюнистӣ қарор дорад.

Абдукарим Садр, шаҳрдори Ариҳо гуфт, кабинаи режими ишғолгар ба муҳосираи шаҳри Ариҳо ва таҳмили сиёсати муҷозоти ҷамъӣ алайҳи сокинони он ба хусӯс шаҳрвандони урдӯгоҳи Ақабаи Ҷабр идома медиҳад ва дар ин фасл хисоратҳои зиёдеро ба кишоварзон ворид кардааст.

Ташкили гуруҳи муқовиматии мавсӯм ба «Катибаи махим ақабаи ҷабр» дар нахустин гом як шикаст барои режими ишғолгари Қудс буд, зеро ин гурдон дар аввалин иқдоми худ тавонист муқовимати қаҳрамонона анҷом диҳад ва низомиёни саҳюнистро маҷбур ба ақибнишинӣ кунад.

Шикасти сангинтар барои режими саҳюнистӣ ин буд, ки ташкили гуруҳи муқовиматии мавсӯм ба «Катибаи махим ақабаи ҷабр» як зарбаи бузурги иттилоотӣ ва амниятӣ барои ин режим буд, чаро ки ба манзалаи густариши доманаи муқовимат дар Каронаи Бохтарӣ аст. Ин дар ҳоле аст, ки чанде пеш сервисҳои иттилоотии саҳюнистӣ ваъда дода буданд, гурдони "Бешаи шерон" дар Наблус, гурдони урдӯгоҳи Ҷанинро аз байн хоҳанд бурд, аммо на танҳо дар ин замина шикаст хӯрданд, балки шоҳиди шаклгирии гуруҳи ҷадиди муқовимат ва ин бор дар Ариҳо ҳастанд.

Риҷоӣ Ал Каркӣ, коршиноси ҳавзаи Исроил дар ин хусӯс мегуяд, ки зуҳӯри катоиби Ал Қисом дар Ариҳо, зарбаи муҳкаме барои системаи амниятии Исроил башумор меравад, системае, ки муддатҳост иддао мекунад метавонад аз тариқи амалиёти мавсӯм ба «мавҷ шикан»-и гурӯҳҳои муқовиматии "Бешаи шерон" дар Наблус ва «Катибаи Ҷанин»-ро нобуд кунад.

Ташкили гурӯҳи муқовиматии мавсӯм ба «Катибаи махими ақабаи ҷабр» дар Ариҳо ба манзалаи таксири гурӯҳҳои муқовимат дар Каронаи Бохтарӣ аст. Таксири гурӯҳҳои муқовимат дар Каронаи Бохтарӣ дар шароите рух медиҳад, ки режими саҳюнистӣ хушунат алайҳи фаластиниҳоро афзоиш дод. Ба иборати дигар, берундоди хушунати густарда алайҳи фаластиниҳо на танҳо руъбу ваҳшат набуд, балки азми онҳоро барои дифо ва зарба задани мутақобил ба режим ҷиддитар карда ва навъе чолиш ва ба мубориза талабидани режими ишғолгар аст ва ин ҳушдоре барои саҳюнистҳо дар идомаи хушунат алайҳи фаластиниҳо аст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп