Январ 28, 2023 09:45 Asia/Dushanbe
  • Амалиёти бузурги муқовимат алайҳи режими саҳюнистӣ дар Қудси ишғолӣ / камаш 8 саҳюнист ба ҳалокат расиданд

Расонаҳои режими саҳюнистӣ аз амалиёти бузурги муқовимат дар Қудси ишғолӣ ва ҳалокати дасти кам ҳашт саҳюнист хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, расонаҳои режими саҳюнистӣ аз тирандозӣ дар маҳаллаи Нофия Ёқуб дар Қудси ишғолӣ хабар доданд.
Ин расонаҳо изъон карданд, ки мумкин ин амалиёт бо ончӣ дар Ҷанин ( ҷинояти ишғолгарон ) рух дод, ба унвони як амалиёти интиқомҷуёна муртабит бошад. Ба гузориши ин расонаҳо нигаронӣ аз анҷоми амалиётҳое дар майдонҳову манотиқи дигар вуҷуд дорад .
Охирин хабарҳо ҳокӣ аст, ки омили амалиёти бузург алайҳи ишғолгарон дар Қудси ишғолӣ ба шаҳодат расидааст. Ин ҷавони мубориз то лаҳзаи шаҳодати худ ба тирандозӣ идома дод .

Бештар бихонед:

 

Барчасп