Интиқоли таҷрибаҳо ва дастовардҳои ширкатҳои донишбунёни ҳавзаи моҳипарварии Эрон ба Тоҷикистон
(last modified 2024-05-01T10:54:59+00:00 )
Май 01, 2024 15:54 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли таҷрибаҳои моҳипарварии Эрон ба Тоҷикистон
    Интиқоли таҷрибаҳои моҳипарварии Эрон ба Тоҷикистон

Раиси Анҷумани миллии мазореи парвариши моҳии Тоҷикистон дар боздид аз Хонаи навовариву фанноварии Эрон, ҳамзамон бо барпоии намоишгоҳи “Эрон Экспо – 2024” дар Теҳрон гуфт: Ба дунболи интиқоли таҷрибаҳо ва дастовардҳои ширкатҳои донишбунёни ҳавзаи шилот (моҳипарварӣ)-и Эрон ба Тоҷикистон ҳастем.

Ба гузориши Исна, бозаргонону фаъолони бахшҳои тавлидиву тиҷории Тоҷикистон, ки барои боздид аз намоишгоҳи “Эрон Экспо – 2024” ба маҳалли доимии намоишгоҳҳои байналмилалии Теҳрон омадаанд, дар боздид аз ғурфаҳои мухталифи арзаи маҳсулоти ширкатҳои донишбунён дар Хонаи навовариву фанноварии Эрон истиқболи қобили таваҷҷуҳе аз тавлидоти ин ширкатҳо доштанд ва аксари боздидкунандагон таҳти таъсири дастовардҳои донишбунёни бахши кишоварзӣ қарор гирифтанд.

Ба гуфтаи раиси Анҷумани миллии мазореи парвариши моҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории чунин намоишгоҳҳое таъсири мустақиме дар раванди афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷории ду кишвар дорад.

Вай афзуд, бо мудири як ширкати парвариши моҳӣ, ки дорои бузургтарин мазрааи парвариши моҳиёни ховиёрӣ дар манотиқи ғайрисоҳилии Эрон аст, музокироте анҷом додем, ки ин ширкат бо пешрафтатарин технологияи рӯз солона 120 тон гӯшт ва се тон ховиёр (икра)-ро ба бозор арза мекунад ва ин қобилияту тавоноӣ барои мо бисёр ҷаззоб ва корбурдӣ аст.

 

Барчасп