Идомаи ҳамалоти эътилофи саъудӣ ба Яман
(last modified Sat, 25 Feb 2023 07:16:20 GMT )
Феврал 25, 2023 12:16 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамалоти эътилофи саъудӣ ба  Яман

Эътилофи саъӯдӣ дар шабонарӯзи гузашта устони Алҳудайдаи Яманро ҳадафи ҳамалоти ҳавоӣ, мушакӣ ва тӯпхона қарор дод ва 96 бор оташбаси иддаоӣ дар ин устонро поймол кардааст.

Оташбаси мавриди тавофуқ дар Шветсия миёни ҳайати эъзомӣ аз Санъо ва ҳайати Риёз аз 18 декабри 2018 дар устони Алҳудайдаи ғарби Яман оғоз шуда, аммо эътилофи саъудӣ ҳар рӯз онро поймол мекунад .
Ба гузориши рӯзи шанбеи шабакаи хабарии Алмасира,утоқи амалиёти артиш ва кумитаҳои мардумии Яман дар устони Алҳудайда эълом кард ҳамалоти ракетии эътилофи саъудӣ дар манотиқи мухталифе аз устони Алҳудайда идома доштааст ва воҳиди тӯпхонаи эътилофи саъудӣ манотиқеро дар Ҳис ва Муқбана ҳадаф қарор доданд .
Ин гузориш меафзояд ҳавопаймоҳои шиносоӣ ва мусаллаҳи эътилофи саъӯдӣ дар як навбат минтақаеро дар Муқбана ҳадаф қарор доданд .
Пештар Ҷалоли Алроишон-муовини дифоӣ ва амниятии нахуствазири Яман гуфта буд вазъияти на сулҳ ва на ҷанг як таҳдидаст ва такяи мо бар иттиҳоди миллат ва масъӯлон аст .
Ҳамчунин Меҳдӣ Алмишот-раиси Шӯрои олии сиёсии Яман гуфта буд ки оташбаси Яман бо нақзи мукаррари он тавассути эътилофи саъӯдӣ тақрибан аз байн рафтааст.
Арабистон бо ҳимояти Амрико, Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст . Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо Яман  мунҷар шудааст .

Бештар бихонед :