Март 07, 2023 18:26 Asia/Dushanbe
  • Режими саҳюнистӣ дар пайи тахриби мадрасае дар шарқи Байтуллаҳм
    Режими саҳюнистӣ дар пайи тахриби мадрасае дар шарқи Байтуллаҳм

Додгоҳи марказии режими саҳюнистӣ ҳукми тахриби мадрасаи ибтидоӣ минтақаи Ҷабалузайб дар рустои Таъмар воқеъ дар шарқи Байтуллаҳмро содир кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази иттилоърасонии Фаластин Ҳасан Бариҷа мудири дафтари ҳайати муқобила бо девори нажодпарастона ва шаҳраксози рузи сешанбе гуфт: Додгоҳи саҳюнистӣ бо дархости муассисаи саҳюнистӣ Рағофим пайромуни тахриби ин мадраса мувофиқат карда аст ва 60 руз барои иҷрои ин ҳукм замон таъин карда аст.

Додгоҳи олии режими саҳюнистӣ бо дархости таҷдиди назари фаластиниён дар ин ҳукм мухолифат карда аст.

Саҳюнистҳо рузона ба манотиқи истиқоматии фаластиниҳо аз ҷумла рустоҳо ва мадрасаҳо ҳамла ва зимни тахриби манзилҳои истиқомати ва маконҳои муқаддаси онҳо сокинонро маҷбур ба тарки манзилҳояшон карда ва ба ҷои он шаҳракҳои саҳюнистӣ месозанд.

Барчасп