Март 11, 2023 19:37 Asia/Dushanbe
  • Раҳбарони Ҳамос: Пешгоми мубориза дар Каронаи Бохтарӣ ва Қудс ҳастем

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар ҳимоят аз Масҷидулақсо ва асирони фаластинӣ ва низ муқовамат дар Каронаи Бохтарӣ, таҷаммеро дар шимоли Навори Ғазза баргузор кард.

Дар таҷаммӯе, ки ҷунбиши Ҳамос дар ҳимоят аз Масҷидулақсо ва асирони фаластинӣ ва низ муқовимат дар Каронаи Бохтарӣ баргузор кард, ҳазорон тан аз ҳомиёни ин ҷунбиш ширкат карда ва шиорҳое дар ҳимоят аз муқовимат дар Каронаи Бохтарӣ ва Қудс сар доданд.

 Дар шаҳри Ғазза низ гурӯҳҳои миллӣ ва исломӣ дар конфронси матбуотӣ муқобили дафтари Салиби Сурх дар Ғазза дар ҳимоят аз асирон таъкид карданд, "асирон ба иқдомоти худ идома медиҳанд ва таҳримҳо ё таҳдидҳои вазири тундрави Исроил ҳаргиз онҳоро нахоҳад тарсонд ва гурӯҳҳои муқовимат ба муборизаи худ то нобудии режими ишғолгар идома хоҳанд дод".

Суҳайл Ал Ҳиндӣ,  яке аз раҳбарони ҷунбиши Ҳамос тасреҳ кард, ҳаргиз ба режиим ишғолгар иҷоза нахоҳем дод ба мардуми мо дар Каронаи Бохтарӣ ва Қудс осеб бирасонад ва дастони мо рӯи моша буда ва мунтазири як ишора ҳастем.

 

Барчасп