Март 24, 2023 18:35 Asia/Dushanbe
  • Дархости Чин аз Аврупо барои тавақуфи ҷанги Украина
    Дархости Чин аз Аврупо барои тавақуфи ҷанги Украина

Дипламати арашади Чин аз Аврупо хост то аз тавақуфи ҷанг ва оғози музокироти сулҳ дар бораи Украина ҳимоят кунад.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Ирно, Вазорати умури хориҷаи Чин рӯзи ҷумъа дар баёнияе ба нақл аз тамоси телелфонии раиси умури сиёсати хориҷаи ҳизби камунисти Чин бо Эммануэл Бон мушовири дипламатикии раисиҷумҳӯри  Фаронса эълом кард: Чин аз Фаронса ва соири кишварҳои аврупоӣ мехоҳад, ки нақши худро барои тавақуфи ҷанг дар Украина ифо кунанд.

 Вонг Йи афзӯд: Оташбас. тавақуфи ҷанг, оғози музокироти сулҳ ва роҳи ҳали сиёсии бӯҳрони Украина бояд мавриди иҷмоъи роҳбӯрдии Чин ва Аврупо қарор бигирад.

Ин тамоси телефони пас аз он анҷом шуд, ки  Ши Ҷинг Пинг раисиҷумҳӯри Чин дар сафари расми ба Маскав рафт раисиҷумҳӯрт Расия Владимир Путин аз пешниҳоди Пекин дар бораи Украина  истиқбол кард.

Дар тарҳи Чин бар оғози гуфтугӯҳои сулҳ миёни Маскав ва Киев, оташмас, поёни таҳримҳои Ғарб алайҳии Русия, иттихози тадобир барои тазмини амнияти таъсисоти ҳастаӣ. эҷоди гузаргоҳҳои башардӯстона барои хурӯҷи ғайри низомиён ва гомҳое дар ростои тазмини содироти ғаллот, таъкид кардааст.

Ҳамчунин, тарҳи сулҳи Чин бар мавозеъи Пекин мабни бар "тазмини муассири ҳокимият, истиқлол ва тамомияти арзӣ" ҳамаи кишварҳо таъкид карда ва хостори поёни  "зеҳнияти ҷанги сард" шудааст.

Барчасп