Рябков: Русия вориди ҷанги ҳастаӣ нахоҳад шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i100556-Рябков_Русия_вориди_ҷанги_ҳастаӣ_нахоҳад_шуд
Муовини вазири хориҷаи Русия дар вокуниш ба ахбори мунташиршуда дар бораи бурузи эҳтимолии ҷанги ҳастаӣ гуфт, ин кишвар ба ҳеҷ ваҷҳ дар ҷанги ҳастаӣ ворид нахоҳад шуд, зеро ҳеҷ барандае надорад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Апрел 05, 2023 20:28 Asia/Dushanbe
  • Русия ва ҷанги ҳастаӣ
    Русия ва ҷанги ҳастаӣ

Муовини вазири хориҷаи Русия дар вокуниш ба ахбори мунташиршуда дар бораи бурузи эҳтимолии ҷанги ҳастаӣ гуфт, ин кишвар ба ҳеҷ ваҷҳ дар ҷанги ҳастаӣ ворид нахоҳад шуд, зеро ҳеҷ барандае надорад.

Сергей Рябков, муовини вазири хориҷаи Русия имрӯз - чаҳоршанбе дар мусоҳибае бо “Спутник” бо баёни матлаби мазкур, Амрикоро ба таҳрику ташдиди ҷанги ҳастаӣ муттаҳам кард.

Муовини вазири хориҷаи Русия дар идомаи мусоҳиба изҳор дошт, Русия ва Амрико аз марҳилаи ҷанги сард убур карда ва дар ҳоли ҳозир дар марҳилаи даргирии мустақим қарор доранд.