Афзоиши 1.5 миллиарддолларии захоири тилло дар Узбекистон
Бонки марказии Узбекистон эълом кард, захоири тиллои ин кишвар бар асоси натоиҷи аввали апрели соли ҷории милодӣ ҳудӯди 35 миллиарду 400 миллиондоллар баровард шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳамчунин моҳи март нисбат ба шохисҳои моҳи феврали 1 миллиарду 470 миллиондоллар афзоиш пайдо кардааст.
Захоири арзӣ дар моҳи гузашта бидуни тағйир дар ҳудӯди 10 миллиарду 110 миллиондоллар (42.8 дарсад рушд) доштааст.
Бар асоси ин гузориш, бо вуҷӯди коҳиши ҳаҷми физикӣ то 300 ҳазор унс захоири тилло тайи як моҳ 1 миллиарду 410 миллиондоллар афзоиш ёфтааст. Бар асоси натоиҷи аввали апрел ҳаҷми кулли тилло дар ҳудӯди 382 ҳазору 570 тан (12.3 миллион унс) баровард шудааст.
Нархи ин фулузи гаронбаҳо дар анборҳо ба 24 миллиарду 250 миллиондоллар расидааст, ки болотарин рақам аз замони интишори омор тавассути Бонки марказӣ дар соли 2018 аст.