Таъсиси канали телевизиони вижаи мусулмонон дар Русия
(last modified 2016-12-19T15:07:11+00:00 )
Декабр 19, 2016 20:07 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси канали телевизиони вижаи мусулмонон дар Русия

Шӯрои муфтиҳои Русия дар баёнияе эълом кард, ки қасд дорад як шабакаи телевизиони моҳвораии вижаи мусулмонон роҳандозӣ кунад.

Ба гузориши ИСНА, дар баёнияе, ки Равшан Аббосов, муовини Шӯрои муфтиҳои Русия мунташир кард омадааст, ки ин Шӯро дар ҳоли пешбурди тарҳе барои роҳандозии як шабака моҳвораии вижаи мусулмонон аст ва дар соли 2017 пахши озмоишии ин шабакаро оғоз хоҳад кард.

Ин канали телевизионӣ қарор аст, барои мухотибони русзабон пахш шавад, ҳарчанд дар оянда имкони пахши барномаҳои англисӣ ва арабӣ аз ин шабака низ вуҷуд дорад.

 

Барчасп