Эътирози шаҳрвандони ироқӣ ба сафари вазири хориҷаи Украина ба Бағдод
(last modified Tue, 18 Apr 2023 09:52:10 GMT )
Апрел 18, 2023 14:52 Asia/Dushanbe
  • Эътирози шаҳрвандони ироқӣ ба сафари вазири хориҷаи Украина ба Бағдод

Шаҳрвандони ироқӣ бо дар даст гирифтани навиштаҷоте мухолифати худро бо сафари вазири хориҷаи Украина ба Ироқ эълом карданд .

Ба гузориши RT мардуми Ироқ бо дар дасти доштани банннерҳое, ки рӯйи он навишта шуда буд « Марг бар НАТО, Зеленский арӯсаки Амрикост . » мухолифати худро бо сафари Дмитрий Кулеба-вазири хориҷаи Украина ба Бағдод иброз карданд .
Бар пояи ин гузориш ин аввалин бор аз замони оғози ҷанги Украина аст, ки Кулеба ба Ироқ сафар мекунад ва гуфта мешавад вазири хориҷаи Украина ба дунболи ҳимояти дипломатӣ дар ғарби Осиё аст .
Дмитрий Кулеба дар дидори Фуод Ҳусайн-вазири хориҷаи Ироқ гуфт : Аз ҳар талоше барои бозгардондани сулҳ ба Украина истиқбол мекунем ва як санги бинои калидӣ вуҷуд дорад ва он ҳам тамомияти арзии Украина аст .
  Фуоди Ҳусайн низ дар ин дидор оташбас дар Украинаро хостор шуд ва гуфт : Ин ҳамон паёме аст, ки ба Сергей Лавров, ҳамтои руси худ додааст .
Муҳаммадшиёъ Алсудонӣ-нахуствазири Ироқ ҳам дар ҷараёни дидори Димитрей Кулеба -вазири хориҷаи Украина ки ба Бағдод сафар кардааст таъкид кард : Мавзеи Ироқ бар пояи мухолифат бо ҷангҳову даргириҳои мусаллаҳона бино шудааст .
Русия аз 24 феврали 2022 баъд аз ба расмият шинохтани истиқлоли ду ҷуумҳурии Луганский ва Донетск аз Украина ба ин минтақа неру эъзом кард ва аз оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Украин хабар дод .
Русия ҳадафи худро аз ин иқдом нозизудоии Украина,халъи силоҳи ин кишвар, рафъи нигарониҳои амниятии худ ва иҷобати дархости кумаки Луганск ва Донетск  эълом кард .
Давлати Украина аммо истиқлоли Луганский ва Донетскро ба расмият нашинохта ва ҳузури низомии Русияро « таҷовуз ва ҳамла ба тамомияти арзии » худ хондааст .