Мамнӯъияти истифода аз косаву табақ дар Фаронса
Муътаризон ба ислоҳоти ҷанҷолии қонӯни бознишастагӣ дар Фаронса аз ҳамли косаву табақ ва зарфҳои фулузӣ манъ шуданд.
Фаронса дар моҳҳои ахир ба далели қонӯни ислоҳоти бознишастагии давлати Эмануел Макрун бо тазоҳуроти саросарӣ ва эътисоб(коршиканӣ) рӯбарӯ аст . Ин дар ҳоле аст, ки эътисобҳои густарда дар Фаронса бо равишҳои хушунатомези полис аз ҳолати мусолиматомез хориҷ шудааст .
Ба гузориши хабаргузории Меҳр, дар идомаи бархӯрдҳо ва роҳкорҳои муқобила бо тазоҳуроти саросарӣ дар Фаронса аз ин пас муътаризон дар ҳаракатҳои эътирозии худ наметавонанд аз косаву табақ истифода кунанд .
Пештар полиси Фаронса эълом кард барои тавқифи косаву табақҳои ҳамроҳи муътаризон дастур дорад ; ҳатто тасовире дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуд, ки афсарони полис ба муътаризон дастур медиҳанд то зурӯфи фулузии худро таҳвил диҳанд .
Зоҳиран муътаризони фаронсавӣ барои расондани садои эътирози худ ба гӯши давлати Макрон ба истифода аз косаву табақ ва ғизопаз ва зарба задан ба онҳо рӯй овардаанду ҳоло давлат барои хомӯш кардан ин садоҳо саъй дорад ки тамоми зарфҳоро забт кунад, шояд ба ин буҳрони демократик поён диҳад !
Бештар бихонед :