Оғози нишасти Маскав ва умедвории Зариф ба касби тавофуқи оташбас дар Сурия
(last modified 2016-12-20T13:35:43+00:00 )
Декабр 20, 2016 18:35 Asia/Dushanbe

Вазири умури хориҷаи Эрон дар Маскав гуфт, умедвор аст, тавофуқе бар сари оташ‎бас дар Сурия ба даст ояд.

Ба иттилои Presstv, Муҳаммадҷаводи Зариф, ки барои ширкат дар нишасти сеҷонибаи Эрон, Туркия ва Русия дар Маскав, пойтахти Русия ҳузур дорад, бори дигар бар мавзеи Эрон яъне ҳалли буҳрони Сурия аз роҳи сиёсӣ таъкид кард.

Зариф гуфт: “Эрон ва Русия дар раъси мубориза бо терроризм қарор доранд. Хурсандем ин руйкард судманд аст ва умедворем, битавонем масирро барои оташ‎баси пойдор дар Сурия ҳамвор кунем”.

Нишасти сеҷонибаи Маскав бо ҳузури вазирони умури хориҷа ва дифои Эрон, Русия ва Туркия асри сешанбе дар Маскав оғоз шуд.

Пеш аз оғози нишасти сеҷониба, Зариф ба ҳамроҳи Сергей Лавров, ҳамтои рус худ бо эҳдои гул, ба Андрей Геннадевич Карлов, сафири Русия дар Туркия, ки шомгоҳи душанбе дар Анкара террор шуд, адои эҳтиром карданд.

Пас аз ин маросим, вазири умури хориҷаи Эрон ва Маҳдии Саноӣ, сафири Эрон дар Русия музокироти худро бо ҳайъати рус оғоз карданд.

Бар асоси барномаи аз пеш‎ эълом‎шуда қарор аст, меҳварҳои гуногуне аз ҷумла таҳаввулоти Сурия, зарурати таомули коромадтар ва тақвияти ҳамкориҳо дар баробари терроризм дар нишасти сеҷонбаи Маскав баррасӣ шавад.

 

Барчасп