Таъкиди Захарова бар ифои нақши СММ дар мавзӯи судури раводид
(last modified Wed, 26 Apr 2023 11:30:06 GMT )
Апрел 26, 2023 16:30 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Захарова бар ифои нақши СММ дар мавзӯи судури раводид

Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия эълом кард, Маскав умедвор аст, Созмони милал барои ҳалли мушкили раводиди вуруд ба Иёлоти муттаҳида ва коршикании ин кишвар иқдом кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия рӯзи сешанбе дар нишасти Кумитаи иттилооти Созмони милал, гуфт: умедворем Дабирхонаи Созмони Милали Муттаҳид ва раҳбарии сохторҳои марбутаи ин созмон аз тавофуқномаҳои илзомовари қонунӣ бо кишвари мизбон истифода кунанд ва тамоми талоши худро барои ислоҳи ин вазъияти ғайриқобили қабул бакор гиранд.

Захарова бо ишора ба инки Русия роҳе ҷуз тарҳи ин мавзӯ дар Созмон милал надорад, афзуд, тарафи амрикоӣ ҳамчунон аз мавқеияти худ ба унвони кишвари мизбони мақари Созмони милал сӯиистифода мекунад.

Ба гуфта ин мақоми рус, Вашингтон намоише музҳик аз коршиканӣ дар судӯри раводид барои гуруҳе аз рӯзноманигорони рус барои пӯшиши рӯйдодҳои марбут ба раёсати давраеииМаскав бар Шӯрои амнияти Созмони милал ба намоиш гузошт.