Декабр 21, 2016 10:38 Asia/Dushanbe
  • Ҷасади сафири Русия дар Анкара ба кишвараш бозгардонда шуд

Ҷасади Андрей Карлов, сафири Русия дар Анкара, ки душанбеи гузашта террор шуд, бо баргузории маросиме бо ҳавопаймо ба кишвараш интиқол ёфт.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, ҳамзамон бо баргузории ин маросим тадобири амниятӣ дар фурӯдгоҳи Анкара ташдид ва масъулияти он ба нерӯҳои амниятии вижаи Туркия супурда шуд .

Андрей Карлов 19 декабр ҳангоми суханронӣ дар намоишгоҳи аккосӣ дар шаҳри Анкара, ба зарби гулула кушта шуд .

Омили тирандозӣ ба сафири Русия дар Анкара, ҷавоне 22 сола ва узви нерӯҳои полиси зидди шӯриши Туркия буд, ки баъд аз ҳодиса ба дасти нерӯҳои полис кушта шуд .