Истиқболи Русия аз бозгашти Сурия ба Иттиҳодияи Араб
(last modified Mon, 08 May 2023 04:20:06 GMT )
Май 08, 2023 09:20 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Русия аз бозгашти Сурия ба Иттиҳодияи Араб
    Истиқболи Русия аз бозгашти Сурия ба Иттиҳодияи Араб

Вазорати хориҷаи Русия аз тасмим барои аз саргирии ҳузӯри ҳайатҳои сурӣ дар фаъолиятҳои Иттиҳодияи кишварҳои арабӣ ва тамоми Созмонҳо ва Органҳои вобаста ба он истиқбол кард.

Кишварҳои узви Иттиҳодияи Араб рӯзи якшанбе мувофиқати худро бо тарҳи бозгашти Сурия ба ин Иттиҳодия эълом карданд.

Иттиҳодияи Араб дар ноябри 2001 узвияти Дамишқро ба ҳолати таъвиқ  дароварда ва таҳримҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ алайҳи он вазъ карда буд.

Ба гузориши Ирно,   «Мария Захарова» сухангӯи Вазорати Русия гуфт: Аз саргирии мушорикати Сурия дар фаъолиятҳои Иттиҳодияи Араб, ки яке аз кишвраҳои муъасиси он аст, ба беҳбӯди фазои минтақаи Ғарби Осиё ва ғалабаи сареъи бар паёмадҳои бӯҳрони Сурия кумак хоҳад кард.

Вай ҳамчунин афзӯд, ки интизор дорад ҳимояти кишварҳои арабӣ аз Сурия дар ҳалли мушкилоти бозсозии он афзоиш ёбад.

Захарова гуфт: Тасими кишвраҳои узви Иттиҳодияи Араб барои эҳёи ҷойгоҳи Сурия нишон медиҳад, ки ин кишвар дунблри иттихози сиёсати мустақил дар ҳавзаи масоили ҷаҳонӣ ҳастанд.

Бозгашти Сурия ба Иттиҳодияи Арабро метавон як шикасти бузург барои Амрико ва режими саҳюнистӣ арзёбӣ кард, ки нишонгари коҳиши нуфӯзи онҳо дар минтақа аст.

Бештар бихонед: